Июл 29, 2019 15:47 Asia/Dushanbe
  • Табдили Баҳрайн ба озмоишгоҳи саҳюнистҳо тавассути оли Халифа

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал гуфт, режими оли Халифа Баҳрайнро ба озмоишгоҳи сиёсатҳои касифи амрикоӣ - саҳюнистӣ табдил кардааст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алолам, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, бо ишора ба мудохилоти хориҷӣ дар тасмимгириҳои режими оли Халифа афзуд, бетаваҷҷуҳии оли Халифа ба мутолиботи миллати Баҳрайн боиси эҷоди шикоф байни мардум ва ҳокимият дар ин кишвар шудааст.

Амирабдуллоҳиён бо баёни ин ки демократия дар Баҳрайн мурдааст, баён дошт, буҳрон дар Баҳрайн бисёр ҷиддӣ аст ва гуфтугӯи давлат ва муътаризон метавонад Баҳрайнро аз ин буҳрон хориҷ кунад.

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал ҳамчунин бо ишора ба тарҳи амрикоӣ - саҳюнистии “муомилаи қарн” гуфт, муомилаи қарн дар канори дигар тарҳҳои амрикоӣ дар гӯристони Кохи Сафед дафн хоҳад шуд.

Амирабдуллоҳиён ба таҷовузи низомии Арабистон ба Яман низ ишора кард ва гуфт, Яман роҳи ҳалли низомӣ надорад ва Арабистон бояд ба таҷовузҳои рӯзонаи худ зидди ғайринизомиён ва занону кӯдакони Яман поён диҳад.

 

Барчасп