Мухолифати Эрон бо табодули киштиҳои тавқифшуда бо Британия
Сафири Эрон дар Британия эълом кард, Эрон бо мубодилаи нафткаши эронӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ аз сӯи Британия тавқиф шуда бо шиновари британияӣ, ки ба далели поймоли муқаррароти тавқифшуда мухолиф аст.
Ба нақл аз радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳамиди Баъидинажод дар саҳифаи шахсии худ дар Тавиттер навишт, ба далели тафовут дар навъи тавқифи шиновари эронӣ дар минтақаи Ҷабалу Ториқ ва тавқифи шиновари мутахаллифи британияӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, Эрон мухолифи мубодилаи киштиҳои тавқиф шудааст.
Сафири Эрон дар Британия афзуд, шиновари британияӣ ба далели поймолсозии қавонини амниятӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз тавқиф шуда, аммо нафткаши эронӣ танҳо барои хушхидматии Амрико аз сӯи нерӯҳои британияӣ дар минтақаи Ҷабалу Ториқ тавқиф шуда ба ҳамин далел Теҳрон мухолифи мубодилаи киштиҳои тавқифшуда аст.
Нерӯи баҳрии Британия, панҷуми июли 2019 як нафткаши эрониро дар минтақаи Ҷабалу Ториқ тавқиф кард ба ин баҳона, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди Сурияро поймол кардааст.
Дар ҳамин ҳол нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ 19 июл ба дархости Созмони бандарҳо ва умури киштиронии вилояти Ҳурмузгон як нафткаши англисӣ бо номи Стена имперо-ро ба иллати хомуш кардани системи мавқеиятёб ва дафъи пасмонди нафтӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз тавқиф кард.