Июл 31, 2019 14:52 Asia/Dushanbe

Ҳусейни Оҳӣ, шоир ва пажӯҳишгари эронӣ пас аз солҳо дасту панҷа нарм кардан бо саратон, дар синни 66 солагӣ даъвати Ҳақро лаббайк гуфт ва чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Ҳусейни Оҳӣ фарзанди устод Алии Оҳӣ, шоир ва пажӯҳишгари эронӣ аст, ки муддатҳо ба эътибор ва эҳтироми падари шоираш Ибни Оҳӣ тахаллус мекард, таҳсилоти муқаддамотиро дар Теҳрон гузаронд ва пас аз тасаллут бар забонҳои арабӣ, паҳлавӣ, ва олмонӣ дар улуме, монанди сарф, наҳв, нуҷум, фиқҳ, усули арӯз ва калом низ соҳибназар шуд.

Нахустин шеърҳои ӯ дар мабоҳиси шеърӣ ва адабӣ дар соли 1976 самара дод ва ӯ, ки ҳанӯз ба 18 солагӣ нарасида буд, китоби "Буҳури шеъри форсӣ"-ро мунташир кард.

Аз ин шоир ва нависандаи эронӣ беш аз 25 китоби пажӯҳишӣ ва тасҳеҳӣ ва мақола дар ҳавзаи шеър ва адабиёт бар ҷой мондааст.