Сентябр 21, 2016 18:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтаи дифои муқаддас, ёдоварии рӯзҳои ҳамоса ва ғурур

Имрӯз, чаҳоршанбе, 21-уми сентябр мусодиф бо солрӯзи оғози ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

31-уми шаҳривари соли 1359  (сентябри соли 1980), дақиқаҳое пас аз соати 14, ба вақти Теҳрон ҷангандаҳои артиши Саддом ҳамзамон фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва ҳашт шаҳри дигари Эронро бомбаборон карданд. Саддом билофосила пас аз ин таҷовуз, ки бо амалиёти заминӣ ва убур аз марзҳои Эрон идома ёфт, аз шикаста шудани камари Теҳрон сухан гуфт. Ториқ Азиз, нахуствазири вақти Ироқ низ дар таҳлиле аз авзои дохилии Эрон ва шароити минтақа Ироқро пешопеш пирӯзи ҷанг муаррифӣ кард. Амрико низ бо он ки дар он вақт робитаашро бо Ироқ қатъ буд, бо Бағдод тамоси дипломатӣ барқарор кард, то ҳимояташро аз Саддом дар таҷовуз ба Эрон ошкор кунад. Акнун 36 сол аз шурӯи ин таҷовуз мегузарад, аммо ҷанг барои миллати Эрон бо ҳама сахтиҳо, талхиҳову вайрониҳояш ҳамосаҳое бебадал ва ёдгоре ба унвони ифтихори ҷовдонае барои миллати Эрон аз даврони дифои муқаддас бар ҷой гузошт.

Саддом дар муддати ҳашт соли ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон бо такия ба ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи қудрат‎ҳои истикборӣ ва кӯмаки васеи кишварҳои арабии минтақаи Халиҷи Форс мошини ҷанги худро дар хидмати аҳдофи бегонагон дар минтақа қарор дод. Артиш ва нерӯҳои басиҷу Сипоҳи посдорони Инқилоб Исломии Эрон ба пуштибонии ҳама миллати Эрон дар муқобили ҳама таҳдидҳо истода, ба таҷовузгарон дарси ибратомӯз дод.

Эрон ҳеҷ гоҳ таҳдиде барои амнияти ҳамсоягон, минтақа ва ҷаҳон набуда, дар оянда низ нахоҳад буд, аммо дар амал нишон дод, ки дар мубориза бо таҳдидҳо ва омилҳои ноамнӣ лаҳзае дер нахоҳад кард. Эрон аз назари қудрати низомӣ имрӯз дар ҷойгоҳе аст, ки дар ҳамкориҳои амниятии минтақа ва ҳифзи суботу амният як вазнаи муҳим ба шумор меравад. Ҳузури мушовирони Эрон дар Ироқу Сурия ва таъкиди Эрон ба мубориза бо терроризм ва ДИИШ нозир бар ин нукта аст, ки фароянди қудрати боздорандагии Эрон маҳдуду мунҳасир ба марзҳои Эрон нест ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳар нуқтае, ки зарурату амнияти дастаҷамъӣ талаб кунад, ба вазифаи зотии худ амал хоҳад кард. Эрони исломӣ имрӯз бо истифода аз таҷрибаи даврони дифои муқаддас мутаносиб бо таҳдидҳо зарфиятҳои низомиро афзоиш дода, аз назари қудрати низомӣ дар ҷойгоҳи таъйинкунанда қарор гирифтааст, ки дар ҳамкориҳои амниятии минтақа ва дар ҳифзи суботу дафъи таҳдидҳои дастаҷамъӣ як бозигари муассир ба шумор меравад. Артишу қудрати низомӣ барои таҳдиди дигарон ва ё ишғолгарӣ нест, балки иқтидори низомӣ ба мафҳуми доштани тавони мубориза бо нерӯҳои мутаҷовиз ва дар сурати лузуми истифода аз қудрати таҳоҷумӣ дар чорчӯби иқдомоти боздоранда дар мубориза бо таҳдидҳо аст. Аз ин рӯ, тавони боздорандагии низомӣ ва қудрати таҳоҷумии Эрон дар муқобили душман ба унвони як ҳадафи стратегии мутобиқ ба мубориза бо душман тарроҳӣ шудааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоб ва фармондеҳи муаззами кулли нерӯҳо дар боздиде, ки ахиран, аз дастовардҳои бумӣ ва дониши бунёди саноати низомии Эрон доштанд, бо таъкид ба лузуми идомаи муассири афзоиши тавони дифоӣ тасреҳ карданд, дар дунёе, ки қудратҳои «зӯргӯ, султагар ва дорои камтарин ҷавҳараи ахлоқ, виҷдон ва инсоният» ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳову куштори инсонҳои бегуноҳ ҳеҷ ибо надоранд, тавсеаи саноати дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиӣ аст, зеро ин қудратҳо то иқтидори кишварро эҳсос накунанд, амният таъмин нахоҳад шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси докторинаи низомии худ дар амал нишон додааст, ки ба унвони як қудрати минтақаӣ дар қиболи масоили марбут ба амният, чӣ дар сатҳи минтақаӣ ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, масъулона бархӯрд мекунад ва посухи Эрон ба ҳар мутаҷовизе  посухи шикананда хоҳад буд. Аз ин дидгоҳ, гузашти низомии бошукӯҳ ва ҳузури пуриқтидори нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оғози Ҳафтаи дифои муқаддас паёми равшане ба душманону дӯстони Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад; паёме, ки қудрати боздорандагӣ ва таҳоҷумии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба рӯхи душманон мекашад ва дар айни ҳол барои дӯстону ҳамсоягони Эрон такягоҳи мутмаине барои дифоъ аз сулҳу амнияти дастҷамъӣ аст.