Август 01, 2019 11:33 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими Зариф; Амрико мағлуби дипламатии Эрон

Вазорати хазонадории давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар ниҳоят номи вазири умури хориҷаи Эронро дар феҳристи таҳримҳои худ ғунҷонд.

Вазорати хазонадории Амрико бомдоди панҷшанбе ( ба вақти Теҳрон) номи Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эронро дар феҳристи афроди таҳримшудаи худ қарор дод ва мудаъӣ шуд, вазорати хориҷаи Эрон пушише барои пешбурди фаъолиятҳои бесуботкунандаи Теҳрон аст.

Ҳамзамон Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико ҳам дар вокуниш ба таҳрими Зариф,ки нишон аз хусумати вай бо низоми ҷумҳурии исломии Эрон дорад иддао кард, Вазорати хориҷаи Эрон абзоре барои тақвияти сиёсатҳои вайронкоронаи Теҳрон аст.

Таҳрим,фишори ҳаддиаксарӣ ва таҳдид,се абзори давлати Трамп барои муқобила бо Эрон аст,ки бо хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, дар дастури кори сокинони кунунии Кохи Сафед қарор гирифтааст.

Дипламатӣ ва иқдомҳои сиёсии ҳушманд ва мантиқии Эрон аммо иқдомҳои давлати Трамп зиди ҷумҳурии исломии Эронро хунсо карда ва монеъ аз он шудааст то эронҳаросии сохтагии Трамп дар ҷаҳон маҳале аз эъроб дошта бошад.

Сиёсати усулӣ ва мунсаҷими Эрон дар арсаи дохилӣ ва таъсиргузории он дар огоҳсозии афкори умумии ҷаҳон аз сиёсатҳои вайронкорона ва якҷонибаи давлати Трамп, давлатмардони Амрикоро дар баробари Эрон ба бунбаст расондааст.

Дипламатии фаоли вазири умури хориҷаи Эрон дар сафари ахири худ ба Ню-Йорк ва гуфтугуҳои мухталифи вай бо расонаҳои амрикоие,ки дурӯии давлати Трамп дар баробари миллати Эронро барои ҷаҳониён ташриҳ кард, Эронро дар ҷанги расонаҳо ва иродаҳо дар баробари Амрико пирӯз кардааст.

Воқеъиятҳое,ки мантиқи дипламатии Эрон дар  ҷаҳон барои афкори умумӣ баён мекунад, хусумати давлати Трамп бо миллати Эронро беш аз пеш намоён кардааст.

Давлати Трамп мудаӣ буда, ҳадаф аз фишор ва таҳримҳо, низоми Эрон аст аммо таҳримҳои иқтисодие,ки таъсири мустақим бар зиндагии мардуми Эрон дорад, пучии ин иддаъоро ошкор кардааст.

Терроризми иқтисодие,ки давлати Трамп бо рӯйкарди якҷонибагароӣ ва таҳкими дигарон зидди миллати Эрон ба коргирифта, ҷиноятҳои зидди башарият аст ва нақзи сариҳи қавонини башрдӯстона маҳсуб мешавад.

Илова бар ин; иддаои дигари Амрико ,ки бо таҳрими Зариф, пуч будани он ошкор шуд, гуфтугуи бе пешшарт ва ба истилоҳи содиқонаи Амрико бо Эрон аст.

Идддаои вазири умури хориҷаи Амрико бар боз будани масири гуфтугӯ бо Эрон бо иқдомҳои вазорати хазонадории Амрико дар таҳрими Зариф ҳамхонӣ надорад ва як бори дигар таноқуз ва саргармии Амрико дар баробари Эрон барои ҷаҳониён исбот шуд.

Таҳрими Зариф бори дигар нишон дод, дипламатии Эрон дар арсаи ҷаҳонӣ таъсиргузор буда ва дар ҳамаи арсаҳои давлати Доналд Трампро ба чолиш кашидааст.

Дипламатии Зариф аз шарқ то ғарб ва аз шимол то ҷунуби олам,хабосати амрико дар баробари миллати Эрон ва низ паёмадҳои рӯйкарди якҷонибагароии Тромпиро барои ҷаҳониён ба тасвир кашидааст.

Бо таваҷуҳ ба вуҷуди абзорҳои мутанавеъи иттилорасонӣ дар арсаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, таҳрими Зариф барои мутавақиф кардани дипламатии муасири вай ба унвони сухангӯи аслии давлати Эрон дар саросари ҷаҳон,маҳале аз эъроб надорад.

Дар ҳамин замина ;Ричорд Нефҳев масули таҳримҳои Эрон дар давлати Барак Абама раиси ҷумҳурии пешини  Амрико, иқдоми утоқи ҷанги иқтисодии давлати Трамп дар таҳрими вазири хориҷаи Эронро мазҳака хонд ва гуфт; ин иқдом бар дипламатии Зариф таъсире нахоҳад гузошт.

Барчасп