Вуруди пайкарҳои 26 шаҳиди тоза пайдошудаи дифои муқаддас ба хоки Эрони исломӣ
(last modified Thu, 01 Aug 2019 13:42:53 GMT )
Август 01, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Вуруди пайкарҳои 26 шаҳиди тоза пайдошудаи дифои муқаддас ба хоки Эрони исломӣ

Пайкарҳои пок ва мутаҳҳари 26 шаҳиди тоза пайдошудаи даврони дифои муқаддас аз марзи Сумор дар устони Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) вориди хоки Эрони исломӣ шуд.

Генерал Саидмуҳаммади Боқирзода, раиси Кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими вуруди пайкарҳои мутаҳҳари ин 26 шаҳид, гуфт, пайкари шуҳадои кашф шуда аз меҳварҳои "амлётии Сумор- Миндилӣ", меҳвари амалиётии "Мимак" ва меҳвари "Зирботеҳ" ҳастанд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон то кунун пайкарҳои 619 шаҳид аз 760 шаҳиди мафқуди даврони дифои муқаддас дар меҳвари Сумор- нафти шаҳр шиносоӣ шудааст.