Таърихшиноси ҷопонӣ дар ҳарами мутаҳҳари разавӣ мусалмон шуд
Дар шаби шаҳодати набераи гиромии Расули Худо (с), пешвои бузурги мусалмонон, ҳазрати Имом Ҷавод як ҷавони таърихшинос аз кишвари Ҷопон бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари разавӣ мусалмон шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҷавони 21-солаи ҷопонӣ, ки номи Ҳусейнро барои худ баргузидааст, гуфт, чор моҳ аст, ки ба даъвати “Ҷомеатулмустафо алъоламия” барои анҷоми поённома ҳамроҳи гурӯҳе аз таърихшиносони шаҳри Токио ба кишвари Эрон сафар кардааст ва барои мутолиаву таҳқиқ дар як давраи фишурда бо забони форсӣ, бархе дуруси исломӣ ва меъмории исломӣ ошно шудааст. Вай афзуд: “Дар нахустин боздиде, ки аз шаҳри Машҳад ва ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) доштам, бисёр ба ин макон алоқаманд ва ҷазби азамату меъмории ин маҷмӯаи рӯҳонӣ шудам ва дар нигоҳи нахуст ин маконро ба лиҳози меъморӣ шигифтангезу зебо дидам”.
Ин ҷавони тозамусалмони ҷопонӣ гуфт: “Пас аз итмоми кор ва бозгашти аъзои гурӯҳ ба Ҷопон тасмим гирифтам, бештар дар Машҳад бимонам ва роҷеъ ба ин дин мутолиа кунам ва имрӯз, пеш аз бозгашт ба кишвари худ тасмим гирифтам, мусалмон шавам”. Ин ҷавони тозамусалмон идома дод, ҳарами мутаҳҳари разавӣ пайванди меъморӣ бо ҳунари исломӣ аст, ки маънавияти он зеҳну қалби ҳар инсонро ба сӯйи Худованд мекашонад.