Руҳонӣ: БАРҶОМ намоде барои ҳалли ихтилофот аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон "Барномаи ҷомеи иқдом муштарак" (БАРҶОМ)-ро таҳаввуле бузург ва намоде барои ҳалли ихтилофот ва пояе барои ҳамкориҳои Эрон ва кишварҳои ҷаҳон донист.
Ҳасани Руҳонӣ - раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри сешанбе ба вақти маҳаллӣ (бомдоди чаҳоршанбе ба вақти Теҳрон) ва дар ҳошия баргузории нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк, дар дидори хонум Тереза Мей - нахуствазири Англия тасреҳ кард: Эрон ба таври комил ба тааҳҳудоти худ дар иҷрои БАРҶОМ амал кардааст ва то замоне, ки тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ пойбанд бошад, Теҳрон ҳам ба тааҳҳудоташ пойбанд хоҳад буд.
Руҳонӣ баҳрамандии Эрон аз фазои мусбати иқтисодиро дар чорчуби тааҳҳудҳои БАРҶОМ баршумурд ва гуфт: То баъзе мушкилоти фаннӣ дар заминаи бонк ва бима ҳал нашавад, тааҳҳудоти тарафи муқобил ба анҷом нарасида ва давлатҳои аврупоӣ бояд ба бонкҳои бузург барои ҳамкорӣ бо Эрон итминон диҳанд ва Лондон метавонад қадами аслиро дар ин замина бардорад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози хурсандӣ аз беҳбуд ва густариши равобити Теҳрон-Лондон дар солҳои охир, афзуд: Бо эҳтироми мутақобил ва тамаркуз бар ҳамкорӣ дар чорчуби манофеи муштарак метавон бар зеҳниятҳои манфии таърихӣ ғалаба кард.
Нахуствазири Англия низ бо ибрози хурсандӣ аз густариши равобити Теҳрон-Лондон дар арсаҳои сиёсӣ ва иқтисоди тайи солҳои охир, аз густариши сатҳи муносиботи ду тараф дар ҳамаи арсаҳо ҳимоят кард.