Август 04, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди устухони сунъӣ дар Эрон

Муҳақиқони донишгоҳи улум пизишкии шаҳид Биҳиштии Эрон муваффақ ба тавлиди устухони сунъӣ бо истифода аз технологии чопгари себуъдӣ шуданд.

Ба нақл аз ИРНО, устухонисунъии тавлидшуда дар Эрон ҳосили талоши 10 солаи муҳаққиқони бумӣ аст, ки дар Теҳрон ба марҳилаи рунамоӣ расид.

То кунун панҷ бемори дорои зоитиҳои факкӣ ва як бемор бо нақзи устухони по, бо ин технологӣ дармон шудаанд.

Зоитиҳо ва ноқисиҳои устухонӣ ба иллатҳои мухталифе монанди модарзодӣ, томор, саратон ва тасодуф эҷод мешавад ва дар бисёре аз маворид устухони аз даст рафта, имкони тармими худ ба худ ба василаи меканизми баданро нахоҳад дошт ва ниёзманди пайванди устухон хоҳад буд.