Август 04, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори нахуствазири Покистон ба Амрико дар бораи иқдом алайҳи Эрон

Нахуствазири Покистон дар суханоне нисбат ба ҳар гуна афзоиши таниш бо Эрон ва ё ҳамла ба ин кишвар аз сӯи Амрико ҳушдор дод.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Форс, Умрон Хон бо ишора ба ин, ки иртикоби ҳар гуна иштибоҳе аз сӯи Амрико дар ҳамла ба Эрон минтақаро ба ботлоқе барои омилони он табдил хоҳад кард гуфт: Амрико набояд Эронро бо дигар кишварҳои минтақа муқоиса кунад ва бояд ин матлабро дарк кунад, ки ҳамла ба ин кишвар то чи андоза метавонад барояш хатарнок бошад.

Нахуствазири Покистон дар идома тасреҳ кард, тамоми талоши худро барои коҳиши таниш дар минтақа анҷом хоҳад дод.

Барчасп