Август 05, 2019 12:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони куштии фарҳангии навҷавонони ҷаҳон шуд

Тими куштии фарҳангии навҷавонони ҷумҳурии исломии Эрон барои чорумин бор дар рақобатҳои ҷаҳонии Булғористон қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Ба нақл аз ИРНА, рақобатҳои куштии фарҳангии навҷавонони ҷаҳон аз рӯзи дуввуми август то чоруми август дар шаҳри Суфияи Булғористон баргузор шуд ва дар поён,тими Эрон бо касби чор медали тилло ва 148 имтиёз бо иқтидор ва барои чоруминбор ба унвони қаҳрамонии ҷаҳон даст ёфт.

Пас аз тими Эрон, тимҳои куштии фарҳангии ҷумҳурии Озарбайҷон ва Русия ба тартиб бо 123 ва 99 имтиёз дуввум ва севвум шуданд.