Август 06, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Вилоятӣ: Эрон ва Ироқ меҳвари муқовимат дар минтақа ҳастанд

Мушовири раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмиллал гуфт, то замоне, ки Эрон ва Ироқ дар канори якдигар ҳастанд ва ҷабҳаи муқовимат вуҷуд дорад ҳеҷ қудрате тавоноии истодагӣ дар баробари онҳоро надорад.

Ба нақл аз ИРНО, Алиакбари Вилоятӣ дар дидор бо ҳайати Ҷунбиши Алнуҷабои Ироқ дар Теҳрон изҳор кард, Эрон ва Ироқ бо ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ ба унвони меҳвари таъсиргузори муқовимат дар минтақа нақши муҳимме дар нобудии гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ доштаанд.

Мушовири раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ афзуд, мо ба Ироқ ба унвони кишваре дуст ва бародар нигоҳ мекунем ва вуҷуди Ҷунбиши Алнуҷабои Ироқ бисёр муҳим ва арзишманд аст ва ифтихор мекунем, ки чунин ҷунбише тавониста баъд аз гузашти солҳои мутамодӣ дар ҳифзи истиқлол ва иззати Ироқ нақш ифо кунад.

Вилоятӣ бо ишора ба иқдомоти мусбати нахуствазири Ироқ ва бо баёни ин ки Ҷунбиши Алнуҷабо бо кумаки ҳамаи гуруҳҳои ироқӣ тавониста дасти амрикоиҳо ва бегонагонро аз Ироқ кутоҳ кунад таъкид кард, ин ҷунбиш яке аз меҳварҳои аслии ҷабҳаи Муқовимат ба ҳисоб меояд, ки иҷоза надод бегонагон, саҳюнистҳо ва мусалласи иртиҷоъ дар умури дохилии Ироқ дахолат кунанд ва ин хостаи мардуми Ироқ аст.

Пас аз дидори Наср Алшамрӣ муовини дабирикул ва сухангӯи Ҷунбиши Алнуҷабои Ироқ бо ҳузур дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҷаҳони ислом пас аз гузашти солҳои мутамодӣ аз зулми кишварҳои истеъморгар ва истикбор, ки тамомии сарватҳои онҳоро дар ихтиёр гирифта буд имрӯз ҷойгоҳи худашонро боз ёфтаанд.

Муовини дабирикул ва сухангӯи Ҷунбиши Алнуҷабо афзуд, робита ва пайванди бародарӣ миёни ду миллати Эрон ва Ироқ аз сатҳи бисёр болое бархурдор аст.

Барчасп