Аҳамият доштани робитаҳои хуб бо Эрон барои русҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45756-Аҳамият_доштани_робитаҳои_хуб_бо_Эрон_барои_русҳо
Ройзани фарҳангии сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар русия, гуфт; робитаҳои Эрон ва Русия дар беҳтарин сатҳи худ қарор дорад чаро,ки русҳо ба доштани робитаҳои хуб бо Эрон пай бурдаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
  • Аҳамият доштани робитаҳои хуб бо Эрон барои русҳо

Ройзани фарҳангии сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар русия, гуфт; робитаҳои Эрон ва Русия дар беҳтарин сатҳи худ қарор дорад чаро,ки русҳо ба доштани робитаҳои хуб бо Эрон пай бурдаанд.

Ба гузориши ИРНА, Қаҳрамон Сулаймонӣ рӯзи панҷшанбе бо ишора ба пайвастагиҳои фарҳангии Эрон ва Русия,афзуд; русҳо Эронро кишвари муҳим ва таъсиргузор ва бозигари муҳим дар таҳавулоти минтақаӣ медонанд бинобар ин майдони васеътаре барои ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба вуҷуд омадааст.

Ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Русия,тасриҳ кард; бахше аз чолиши Эрон бо ғарб дар ба расмият шинохтан ё нашинохтани Эрон ба унвони қудрате дар муодилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст.

Вай, чолишҳои муштаракро яке аз авомили наздиккунандаи ду миллати Эрон ва Русия донист ва тасриҳ кард; Эрон ва Русия ба унвони кишварҳои муҳим дар як минтақаи ҷуғрофиёии хос,бо чолишҳои муштараке рӯ ба рӯ ҳастанд,ки таҳавулоти минтақаии ин ду кишварро шарик ва ниёзманди якдигар кардааст.

Сулаймонӣ ҳамчунин гуфт; Ройзании фарҳангии Эрон бо ҳамкориҳои фарҳангӣ,динӣ, ҳунарӣ, иртиботи маҷомеъи илмӣ ва донишгоҳӣ ва китобхонаӣ нақши муҳим дар беҳбуди робитаҳои Теҳрон ва Маскав дорад.