Август 08, 2019 20:25 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а)

Дар шаби шаҳодати панҷумин ситораи осмони имон ва ҳидоят ва набераи бузургвори Расули Худо (с) ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) ҷаҳони ислом ба вижа Эрони исломӣ якпорча сиёҳпуш ва азодор аст.

Фардо ҷумъа 9 моҳи август 2019 баробар бо 18 мурдоди хуршедӣ ва ҳафтуми Зилҳаҷҷаи 1440 қамарӣ солрӯзи шаҳодати пешвои донишмандон ва фозили мусалмонон имом Муҳаммад Боқир (а) аст. Имом Боқир (а) дар даврони нуронии имомати хеш,бо вуҷуди шароити номусоъиде,ки бар арсаи фарҳанги исломӣ соя афканда буд,бо талоши ҷиддӣ ва густарда наҳзати бузурги илмиро тароҳӣ ва шогирдон ва фақиҳони соҳибноми бисёреро тарбият карданд тоҷое,ки ин ҷунбиши доманадор ба бунёнгузорӣ ва таъсиси як донишгоҳи бузург ва барҷастаи исломӣ анҷомид.

Густардагии илм ва дониши ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) ба ҳадде буд,ки эшонро саромади рӯзгори худ карда буд ва мардум ба он ҳазрат лақаби Боқирулулум ба маънои шикофандаи дониш дода буданд.

Он ҳазрат саранҷом пас аз умре талош дар майдони бандагии Худо ва эҳёи дин ва тарвиҷи илм ва хидматҳои иҷтимоӣ ба ҷомиъаи исломӣ,дар рӯзи ҳафтуми моҳи Зилҳаҷҷаи соли 114 и қамарӣ ба дастури Ҳишом бин Абдулмалак халифаи вақти марвонӣ масмум шуд ва ба шаҳодат расид.

Мардуми мусалмони Эрон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар бо ширкат дар маросими мазҳабӣ ва ҳузур дар маконҳои муқадасе ҳамчун ҳарами имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад дар мусибати шаҳодати панҷумин пешвои мусалмонон сӯгворӣ мекунанд.

Радиои Тоҷикии Садои Хуросон шаҳодати ин пешвои бузурги исломро ба ҳамаи мусалмонон ва озодагони ҷаҳон таслият мегуяд.