Мусавӣ: Муқобила бо таҳдиди ҳузури саҳюнистҳо дар халиҷи Форс ҳаққи Эрон аст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳтимоли ҳузури режими саҳюнистӣ дар эътилофи худхондаи низомӣ дар халиҷи Форсро таҳдиде ошкор алайҳи амнияти миллии Эрон донист ва гуфт, муқобила бо таҳдиди ҳузури саҳюнистҳо дар халиҷи Форс, ҳаққи Эрон аст.
Сайидаббоси Мусавӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба интишори ахборе дар хусуси эъломи омодагии режими саҳюнистӣ барои ҳузур дар эътилофи низомии Амрико ба манзури ба истилоҳ таъмини амнияти киштиронӣ дар халиҷи Форс афзуд, масъулияти ҳамаи паёмадҳои ин иқдоми хатарнок бар уҳдаи режими Амрико ва режими номашрӯи саҳюнистӣ хоҳад буд.
Мусавӣ бо баёни ин ки ташкили эътилофи низомии Амрико дар халиҷи Форс танишофарин ва фиребкорона аст, изҳор дошт, Эрон мухолифати худро бо шаклгирии ин гуна эътилофҳо эълом мекунад ва баргузоркунандагон, шаклдиҳандагон ва аъзои онро ба унвони омилини муассир дар эҷоди таниш ва буҳрони эҳтимолии бавуҷудоянда дар идома, дар минтақа талаққӣ хоҳад кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард, Эрон ба унвони яке аз кишварҳои минтақаи халиҷи Форс бо таваҷҷуҳ ба доштани 1500 мил соҳил дар ин минтақа ва бар асоси масъулияти таърихӣ, халиҷи Форсро идомаи қаламрави сарзаминии худ дониста ва худро мутааҳҳид ба таъмини амнияти он ва амнияти тараддуди киштиҳо дар ин минтақа медонад.
Мусавӣ таъкид кард, ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ дар халиҷи Форс таҳти ҳар ному унвоне, ки бошад, на танҳо кумаке ба тақвияти амният дар ин минтақа намекунад, балки заминаи таниш ва буҳронро дар минтақаи ҳассоси халиҷи Форс беш аз пеш фароҳам мекунад.