Август 11, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
  • Духтарони Эрон қаҳрамони теквандои ҷаҳон шуданд

Тими миллии теквандои духтарони Эрон дар поёни чаҳорумин давраи мусобиқоти теквандои навнаҳолони ҷаҳон ба мақоми қаҳрамонӣ расид.

Ба нақл аз ИРНО, чаҳорумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии теквандои навнаҳолони ҷаҳон 2019, ки аз чаҳоршанбеи гузашта бо ҳузури 550 теквандокор аз 64 кишвар дар Тошканд оғоз шуда буд, бо қаҳрамонии духтарони Эрон ба поён расид.

Дар ин мусобиқот тими миллии теквандои Эрон дар бахши духтарон тавонист муқтадирона бо касби 6 медали тилло, як нуқра ва 818 имтиёз саккуи қаҳрамонии ҷаҳонро фатҳ кунад.

Дар бахши писарон низ Эрон бо як медали тилло, як нуқра, 4 бронз ва 287 имтиёз ноибқаҳрамони ҷаҳон шуд.

Дар чаҳорумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии теквандои навнаҳолони ҷаҳон пас аз духтарони Эрон тими Тайланд ноимқаҳрамон шуд ва тимҳои Коряи Ҷанубӣ, Туркия ва Амрико дар радаҳои севвум то панҷум қарор гирифтанд.

Дар гуруҳи писарон низ тими Русия қаҳрамон шуд ва тимҳои Украина, Тайланд ва Тайван пас аз тими Эрон ба тартиб дар радаҳои севвум то панҷум қарор гирифтанд.

Дар поёни ин рақобатҳо бо эъломи Кумитаи баргузории мусобиқот, Аъзами Дурустӣ сармурабии тими теквандои духтарони Эрон ба унвони беҳтарин мурабии ҷаҳон интихоб шуд ва Сонози Аббоспур бозикуни тими духтарони Эрон унвони фаннитарин бозикунро ба номи худ сабт кард.