Август 11, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи ёздаҳумин номишгоҳи байналмиллалии карикатураи Эрон

Ёздаҳумин номишгоҳи дусолонаи байналмиллалии карикатураи Теҳрон дар Бушеҳр ҷануби Эрон оғоз ба кор кард.

Ба нақл аз ИРНО, дар ин намоишгоҳ 43 асар аз ҳунармандони 15 кишвари Эрон, Мексика, Сурия, Марокко, Украина, Сербия, Туркия, Австралия, Олмон, Индонезия, Бразилия, Руминия, Ҷумҳурии Озабойҷон, Хорватия ва Афғонистон ба намоиш даромадааст.

Ин намоишгоҳ аз муътабартарин намоишгоҳҳои ҳунари карикатура дар минтақаи ғарби Осиё аст.

Ёздаҳумин номишгоҳи байналмиллалии карикатураи Теҳрон дар се бахши мутфилм мавзӯе бо унвони эминӣ ва амният ва мавзӯи озод ва карикатураи ашхоси машҳури ҷаҳон барпо шудааст.

Бра асоси ин гузориш осори ироашуда дар ин намоишгоҳ ба мазӯъҳои мухталифе аз ҷумла муҳоҷират, ҷангҳои ҷаҳони муосир, адолатталабӣ, зарарҳои фазои маҷозӣ ва табаоти он ва сулҳу дустӣ байни миллатҳо ишора дорад.

Ёздаҳумин номишгоҳи дусолонаи байналмиллалии карикатураи Теҳрон то 16 август дар Бушеҳр барпо аст.