Иқомаи намози иди саиди Қурбон дар саросари Эрони исломӣ + видео
Имрӯз – душанбе, дар Эрон иди саиди Қурбон аст ва намози ин иди бузург субҳи имрӯз бо ҳузури пуршӯри мардум дар саросари Эрони исломӣ иқома шуд.
Намози иди саиди Қурбон дар Теҳрон низ ҳамзамон бо дигар шаҳрҳои Эрон, ба имомати ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидмуҳаммадҳасани Абутуробӣ дар Мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) иқома шуд.
Дар иди саиди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёрати Хонаи Худо рафтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи паёмбари бузурги илоҳӣ - ҳазрати Иброҳим (а)-ро зинда ва гиромӣ медоранд.
Худованд барои озмудани имон ва ихлос ба ҳазрати Иброҳим (а) маъмурият дод, ки фарзандаш ҳазрати Исмоил (а)-ро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад.
Ҳазрати Иброҳим (а) бо вуҷуди душвории ин кор, ба фармони илоҳӣ гардан ниҳод ва барои иҷрои ин маъмурият муҳайё шуд, аммо ҳар чӣ талош кард, корд гулӯи фарзандаш ҳазрати Исмоил (а)-ро набурид.
Дар ин ҳол ба ҳазрати Иброҳим (а) хитоб шуд, аз имтиҳони илоҳӣ сарбаланд берун омадааст ва он гоҳ гӯсфанде фиристода шуд то вай онро ба ҷойи ҳазрати Исмоил (а) қурбонӣ кунад.
Ин моҷарои ибратангез дарси фидокорӣ ва аз худгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст. Ба ҳамин далел, мусулмонони ҷаҳон низ рӯзи даҳуми зилҳаҷҷаро ба унвони як иди бузурги илоҳӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ меомӯзанд.