Таъкиди Эрон бар лузуми субот ва амнияти оброҳҳои байналмилалӣ
(last modified Mon, 12 Aug 2019 13:27:39 GMT )
Август 12, 2019 18:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар лузуми субот ва амнияти оброҳҳои байналмилалӣ

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субот ва амнияти оброҳҳои байналмилалӣ, савоҳили шимол ва ҷануб ва тангаи Ҳурмузро хатти қирмизи Эрон унвон кард.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ имрӯз (душанбе) дар нахустин Маҷмаи иқтисодии “Хазар”, дар минтақаи гардишгарии “Овоза”-и Туркманистон, бо баёни ин ки дахолат ва ҳузури қудратҳои фароминтақавӣ таҳти ҳар ном ва эътилофе хатари бузург барои сулҳ, субот ва амнияти минтақа аст гуфт, амнияти минтақаро фақат бояд кишварҳои минтақа барқарор кунанд.

Ҷаҳонгирӣ бо таъкид бар ин ки минтақаи ғарби Осиё ва халиҷи Форс дар солҳои гузашта ба далели султаталабиҳо ва мудохилаҳои ғайриқонунии баъзе қудратҳои фароминтақавӣ боиси бесуботӣ ва ноамнӣ шудааст афзуд, рушду тавсеаи иқтисодӣ ва афзоиши сармоягузорӣ ниёзманди амният ва субот аст.

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни кишварҳои соҳили баҳри “Хазар” гуфт, эҳтимоми давлатҳо дар бистарсозӣ ва фаъол кардани бахшҳои хусусӣ, осонсозии дарёфти раводиди тиҷорӣ ва коҳишу ба сифр расонидани таърифаҳои тиҷорати тарҷеҳӣ дар қолаби ду ё панҷҷониба метавонад боиси афзоиши ҳаҷми равобити иқтисодии ҳавзаи “Хазар” шавад.

Ҷаҳонгирӣ бо таъкид бар ин ки таомул бо ҳамсоягон, парҳез аз ҳар гуна таниш ва ҳифзи субот ва амнияти минтақа аз аввлавиятҳои асосии сиёсати хориҷии Эрон аст, афзуд, Эрон бо истиқбол аз рӯйкарди мусбати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои соҳили “Хазар”, мусаммам ба густариши ҳамкорӣ бо онон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла иқтисодӣ аст.