Рӯҳонӣ: БАРҶОМ намоди ҳамкорӣ ба ҷой ихтилоф дар арсаи байналамилалӣ аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро намоди "гуфтугӯ ва ҳамкорӣ" ба ҷойи "ихтилоф" дар арсаи байналамилалӣ донист.
Ҳасани Рӯҳонӣ асри чаҳоршанбе (ба вақти Ню-Йорк) дар ҳошияи 71-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал дар дидор бо Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милал таъкид кард, вазифаи ҳамагон, бавижа дабирхонаи ин созмон ҳифзу тақвияти БАРҶОМ аст ва ин мавзӯъ талаб мекунад, ки гузоришҳои иҷроияи дабири кул аз раванди иҷрои Қатъномаи 2231 воқеъбинона, мустақил ва мӯҷиби тақвият ҳамкориҳо бошад.
Рӯҳонӣ дар бахши дигаре аз суханони худ ба мавзӯоти муҳими минтақаи Ховари Миёна, бавижа Сурия ва Яман ишора ва таъкид кард, дар Яман идомаи ҳамалоти низомӣ ва содир шудани ҷиноёти ҷангӣ бисёр нигаронкунандааст ва ба таври мудовим ҳама конвенсияҳои байналамилалӣ дар ин кишвар нақз мешаванд. Рӯҳонӣ афзуд, ин ҷанг алайҳи мардуми Яман бесабаб, хилофи ҳама муқаррарот шурӯъ шуда, бомбаборон шудани занону кӯдакон идома ёфта ва бештари созмонҳои байналамилалӣ низ таъйид мекунанд, ки кишваре дар он ҷо муртакиби ҷиноёти ҷангӣ шудааст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи Сурия бо таъкид ба омодагии Теҳрон барои идомаи нақши созандааш дар ин кишвар гуфт, дар раванди мубориза бо терроризм асли муҳим ҳифзи ҳокимият ва якпорчагии кишварҳо аст ва дар шароити кунунӣ масоили инсонӣ низ дар садри авлавиятҳо дар Сурия аст.
Пан Ги Мун низ дар ин дидор ба зарурати ёфтани як роҳҳал барои буҳронҳои Сурия ва Яман таъкид карда, хостори ҳимоятҳои бештар ва нақшофарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ҳалли ин буҳронҳо шуд.