Август 13, 2019 14:18 Asia/Dushanbe
  • Радабандии ҷаҳонӣ: артиши Эрон қудратмандтар аз Исроил аст

Тибқи охирин баровардҳо тавони низомии режими саҳюнистӣ дар радабандии ҷаҳонӣ бо як зина поин фаромадан ҷойгоҳи ҳабдаҳум ва се зина пас аз артиши Ҷумҳурии исломии Эрон қарор гирифтааст.

Ба нақл аз ИРНО, пойгоҳи хабарии саҳюнистии Исроил-Нетз, аз як зина поин фаромадани  тавони низомии режими саҳюнистӣ дар соли 2019 хабар дод.

Ин пойгоҳи олмонизабон ба нақл аз вебгоҳи низомии Глобал-Фаерпавер эълом кард, тавони низомии артиши режими Исроил бо вуҷуди будҷети ҳангуфт ва ҳимоятҳои мустақими Амрико се зина поинтар аз тавони низомии артиши Эрон аст.

Бар ин асос артиши саҳюнистӣ нисбат ба соли гузашта як зина суқут карда ва дар миёни артишҳои ҷаҳон ба рутбаи 17 расидааст.

Ин дар ҳолест, ки артиши Эрон бо вуҷуди таҳримҳо ва маҳдудиятҳои фаровон бо будҷети ҳудуди 6 миллиард доллар ва рутбаи 14 ҷойгоҳе ба маротиб болотар аз режими саҳюнистӣ бо будҷети 19 миллиард долларӣ дорад.

Нашрияи саҳюнистии Ҷровзолем Пост чунин пешрафтеро дар сояи таҳримҳои шадиди Амрико шигифтовар тавсиф ва таъкид карда, ки рутбаи чаҳордаҳуми Эрон дар ҳолест, ки таҷҳизот ва тавоноии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин радабандӣ муҳосиба нашудааст.

Дар радабандии нави соли 2019 рӯйхатти қобилиятҳо ва тавонмандиҳои 137 артиши ҷаҳон бо дар назар гирифтани 55 шохис радабандӣ шудааст.

Дар ин радабандӣ ҳамонанди солҳои пеш Амрико, Русия ва Чин ба тартиб дорои бузургтарин артишҳои ҷаҳон ҳастанд.

 

Барчасп