Иҷтимои дафнавозони ҷаҳон дар Санандаҷ
(last modified Wed, 14 Aug 2019 07:31:07 GMT )
Август 14, 2019 12:31 Asia/Dushanbe
  • Иҷтимои дафнавозони ҷаҳон дар Санандаҷ

Нуҳӯмин ҷашнвораи байналмилалии "Даф - навои раҳмат" бо ҳузури ҳазорон дафнавоз аз саросари ҷаҳон дар шаҳри Санандаҷ (ғарби Эрон) оғоз ба кор кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Амини Муродӣ, раиси ҳавзаи ҳунарии Курдистони Эрон бо ишора ба баргузории нуҳӯмин ҷашнвораи байналмилалии "Даф - навои раҳмат" дар Санандаҷ гуфт: Дар ин ҷашнвора дафнавозоне аз кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Ҳинд ва соири кишварҳо ҳузур доштанд.

Муродӣ бо баёни ин, ки 304 асар аз осори расида дар ин ҷашнвора бо ҳам ба рақобат хоҳанд пардохт афзуд: Дар бахши такнавозӣ 48 асар, дар гурӯҳнавозӣ 13 асар ва дар бахши мавлудихонӣ 7 асар ба марҳилаи ниҳоии ҷашнвора роҳ пайдо кардаанд.

Нуҳӯмин ҷашнвораи байналмилалии "Даф - навои раҳмат" имрӯз (чоршанбе) дар Санандаҷ оғоз мешавад ва то рӯзи ҷумъа идома дорад.