Рӯҳонӣ: Амияти Халиҷи Форс ниёзе ба нерӯи хориҷӣ надорад
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид барои амният ва субот дар Халиҷи Форс ниёзе ба нерӯҳои хориҷӣ нест гуфт: Кишварҳои минтақа бо ваҳдат, инсиҷом ва гуфтугӯ метавонанд амнияти худро ҳифз кунанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи ҳайъатҳои давлат бо баёни ин, ки тамоми шиорҳое, ки дар хусуси эътилофи ҷадид дар минтақаи Халиҷи Форс ва дарёи Уммон дода мешавад, зоҳирӣ ва ғайриилмӣ аст афзуд: Ҳадафи иқдомоти қудратҳои бузург, бавижа Амрико дар ин минтақа чизе ҷуз эҷоди тафриқа ва холӣ кардани хазонаи кишварҳои исломӣ ва минтақа нест.
Рӯҳонӣ тарҳи иддаоҳое, ки режими саҳюнистӣ мехоҳад дар амнияти минтақа ҳузур дошта бошад пуч унвон кард ва афзуд: Саҳюнистҳо агар метавонанд амнияти худро ҳифз кунанд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки саҳюнистҳо ҳар ҷо, ки ҳузур доштанд ноамнӣ, куштор ва террор эҷод карданд гуфт: Омили аслии терроризм, ҷанг ва куштор дар ин минтақа саҳюнистҳо ва режими ғосиби Исроил аст.