Август 14, 2019 17:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон дар қалби миллатҳои минтақа ҷой дорад

Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷунбиши қудратманд ва таъсиргузор аст, ки дар қалби миллатҳои минтақа ва мусалмонон ҷой дорад.

Ҳусайн Нақавии Ҳусайнӣ, сухангӯи Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон бо таъкид бар ин ки Ҳизбуллоҳ дар пайи таҳаққуқи аҳдофи миллатҳои мусалмон, ормони Фаластин ва меҳвари муқовимат аст, изҳор дошт, қудрати муқовимати исломии Лубнон ва Фаластин мӯҷиби шикасти тавтеаи саҳюнистҳо дар минтақа шудааст.

Нақавии Ҳусайнӣ бо табрики пирӯзии муқовимати исломӣ дар ҷанги 33 рӯза ба миллати Лубнон ва мардуми минтақа ва низ бо қадрдонӣ аз нақши муқовимати исломии Лубнон дар шикасти терроризми саҳюнистии такфирӣ ва ноком гузоштани тарҳҳои террористии Амрико дар минтақа, таъкид кард, Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва меҳвари муқовимат нақше калидӣ дорад.

Пеш аз ин Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Алъаҳд”-и Лубнон, бо таъкид бар ин ки мардуми минтақа ва ҷаҳон мадюни истодагии миллати Лубнон ва муқовимати исломии ин кишвар ва Ҳизбуллоҳ ҳастанд, афзуд, онҳо дар баробари зиёдахоҳии Исроил ва низ гурӯҳи террористии ДИИШ, ки ҳама ҷаҳонро таҳдид мекард, истодагӣ карданд.

Ҷанги 33 рӯза миёни низомиёни режими саҳюнистӣ ва нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар июли 2006 оғоз шуд ва дар 14 августи ҳамон сол бо пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба поён расид.

Режими саҳюнистӣ дар ҷанги 33 рӯза бо таҳаммули шикасту хисорат ва талафоти сангин, аз ин ҷанг ақибнишинӣ кард.

 

Барчасп