Сартип Сабоҳифард: Тавони дифоии Эрон қобили озмудан нест
Фармондеҳи Нерӯи падофанди ҳавоии артиши Эрон таъкид кард, артиши Эрон бо афзоиши тавони боздорандагӣ, худро ба сипари мустаҳкаме табдил кардааст.
Амири сартип Алиризо Сабоҳифард, фармондеҳи нерӯи падофанди ҳавоии артиши Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии артиш дар Теҳрон, бо ишора ба ин ки артиши Эрон дар болотарин сатҳ аз дониши низомии рӯзи ҷаҳон қарор дорад, афзуд, артиши Эрон ончунон бо иқтидор аз марзҳои ҷумҳурии исломӣ дифоъ мекунад, ки душманон ҳаргиз ба фикри таҷовуз ба тамомияти арзии Эрон науфтанд.
Сартип Сабоҳифард бо баёни ин ки артишҳои истикборӣ қудратро барои зулм, зӯр, истибдод, ситам ва фасод мехоҳанд, тасреҳ кард, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон қудратро барои дифоъ аз мазлум, истиқрори иззати миллатҳои озодихоҳ ва барои эҷоди сулҳ, сафо ва амният дар минтақа дунбол мекунанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ 31 августи 2016 дар ҷамъи вазир, масъулон, муҳаққиқон ва мутахассисони Вазорати дифои Эрон таъкид карданд, дар ҷаҳоне, ки қудратҳои зӯргӯ, султагар ва дорои камтарин ҷавҳараи ахлоқ, виҷдон ва инсоният ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳо ва куштори инсонҳои бегуноҳ ҳеҷ ибое надоранд, тавсеаи саноеи дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиӣ аст, зеро ин қудратҳо то иқтидори Эронро эҳсос накунанд, амният таъмин нахоҳад шуд.