Дарёдор Хонзодӣ: Даврони ҷавлон ва намоиши риёкорона дар халиҷи Форс поён ёфтааст
(last modified Thu, 15 Aug 2019 09:10:09 GMT )
Август 15, 2019 14:10 Asia/Dushanbe
  • Дарёдор Хонзодӣ: Даврони ҷавлон ва намоиши риёкорона дар халиҷи Форс поён ёфтааст

Фармондеҳи нируи дарё(баҳри)и артиши Эрон бо ҳушдор ба қудратҳои фароминтақаӣ гуфт: Даврони ҷавлон ва намоиши риёкорона дар халиҷи Форс поён ёфта ва душманон бояд ҳарчи зудтар ин минтақаро тарк кунанд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ,амир дарёдор(адмирал) Ҳусайни Хонзодӣ- фармондеҳи нируи дарёии артиши Эрон дар маросими поёнии мусобиқоти байналмиллалии ғаввосии умқи низомёни ҷаҳон дар Кеш таъкид кард: Амрико, Англистон, режими саҳюнистӣ ва ҳампаймонони онҳо бояд бидонанд ҷабҳаи муқовимати исломии дарёӣ дар ҳоли шаклгирӣ ва инсиҷом аст ва даврони ба тороҷ бурдани сармояҳои минтақа ба поён расидааст.

 Дарёдор Хонзодӣ бо ишора ба зарурати ҳифзи сулҳу амният дар минтақа, афзуд: Сулҳ ва амнияти ҷамъӣ дар дарё ниёзманди дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамдилӣ ва фаҳми муштарак аз муҳити дарёӣ аст ва ин дар ҳолест, ки бархе қудратҳои истикборӣ аз дарки ин мавзӯъ оҷизанд.

 Фармондеҳи нируи дарёии артиши Эрон бо ишора ба баргузории мусобиқоти ғаввосии артишҳои ҷаҳон бо ҳузури кишварҳое аз чаҳор қитъаи ҷаҳон дар Эрон, афзуд: Фориғ аз талошҳои бешармонаи душманон, тимҳои ғаввосии низомёни ҷаҳон, иқдомоти ғурурофарин ва ғайратмандонаро дар қалби халиҷи Форс яъне ҷазираи зебои Кеш ба намоиш гузоштанд.

 Чаҳорумин давраи рақобатҳои байналмиллалии “Ғаввосии умқ- 2019”-и низомёни ҷаҳон, бо ҳузури кишварҳое аз чаҳор қитъаи ҷаҳон ба мизбонии нируи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз чаҳорум то 14 август дар ҷазираи Кеш, ҷануби Эрон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқоти байналмиллалӣ тими ғаввосии нируи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, пас аз тимҳои Русия ва Чин унвони севумиро касб кард.