Август 16, 2019 19:25 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани солрӯзи валодати имом Ҳодӣ (а) муборак

Дар остонаи фаро расидани солрӯзи мелоди набераи гаронқадри расули Худо (с) ва пешвои бузурги мусалмонони ҷаҳон - ҳазрати имом Ҳодӣ (а), саросари Эрони исломӣ якпорча нуру шодмонӣ аст.

Ҳама ҷои Эрон бӯи уду гулоб ва атри хонадони мутаҳҳари расулуллоҳ медиҳад ва шамими дилнавози мелоди даҳумин писар аз насли хуршеди Муҳаммадӣ машоми аҳли имонро лабрез кардааст.

Ба ҳамин муносибат боргоҳи нуронии имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳади муқаддас низ чароғонӣ ва лабрез аз ҳузури иродатмандони хонадони рисолат аст, ки аз ҳама ҷои Эрон ва ҷаҳон омадаанд то дар ин шабу рӯзи фархунда дар саҳну саройи он имоми бузургвор меҳмон шаванд.

Ҳазрати Ҳодӣ (а) дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина дида ба ҷаҳон кушуд.

Ин имоми бузургвор пас аз шаҳодати падараш имом Ҷавод (а) ҳидояти мардумро ба муддати 33сол бар ӯҳда гирифтанд.

Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати имом Ҳодӣ (Аннақи) - ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти паёмбар (с) табрик мегӯяд.