Август 17, 2019 09:17 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи бозгашти Озодагон ба Эрони исломӣ

Имрӯз ( шанбе) 17 августи 2019, солрӯзи оғози бозгашти Озодагони сарафроз ба Эрони исломӣ аст.

Дар августи соли 1990 (  26 мурдоди 1369 ) Эрони исломӣ шоҳиди ҳузури Озодагони сарафрозе буд,ки пас аз солҳо асорат дар зиндонҳои махуфи режими баъси Ироқ, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Бозгашти Озодагон ба Эрони исломӣ ҳамчунин аз дастовардҳои истодагӣ бар усули, ормонҳо ва пойдорӣ дар баробари зиёдахоҳиҳои душманони қасамхурдаи Эрон дар 8 соли ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ зидди Эрон аст.

Ба ҳамин муносибат вижабарномаҳое дар ростои бузургдошти Озодагони сарафрози ҳашт соли дифоъи муқаддас дар ҷанги таҳмилии Ироқ зидди Эрон, баргузор мешавад.