Сафари Зариф ба Кувейт; таъкид бар ҳамгароиҳои минтақаӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i45963-Сафари_Зариф_ба_Кувейт_таъкид_бар_ҳамгароиҳои_минтақаӣ
Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои минтақаӣ имрӯз дар сафаре якрӯза ба Кувейт бо вазири умури хориҷа ва дигар мақомоти олирутбаи ин кишвар дидор ва дар бораи масоили дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ гуфтугӯ ва табодули назар хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Сафари Зариф ба Кувейт; таъкид бар ҳамгароиҳои минтақаӣ

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои минтақаӣ имрӯз дар сафаре якрӯза ба Кувейт бо вазири умури хориҷа ва дигар мақомоти олирутбаи ин кишвар дидор ва дар бораи масоили дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ гуфтугӯ ва табодули назар хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳафтаи гузашта 11 август дар сафаре ба Дуҳа бо мақомоти Қатар дар бораи таҳаввулоти минтақа ройзанӣ кард.

Субот ва амнияти минтақа ва кишварҳои ҳамсоя хости ҳамешагии Эрон аст.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба рағми он ки аз бархе кишварҳо бемиҳрӣ дида аммо ҳеҷгоҳ алайҳи кишварҳои ҳамсоя иқдоме накардааст. Ҳадафи аслии Эрон дастёбӣ ба тафоҳуми минтақаӣ аст ва ройзанӣ бо кишварҳои минтақа барои пешбурди ин ҳадаф аз авлавиятҳои сиёсати хорҷии Эрон аст.

Сафари минтақаии раиси дастгоҳи депломасии Эрон ба Кувейтро низ мебоист дар ҳамин росто ва дар ҷиҳати тақвияти ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо арзёбӣ кард.

Ҳасани Ҳонизода коршиноси масоили минтақа дар арзёбии депломасии минтақаии Эрон мегуяд вазъияти минтақа акнун ба гунае аст, ки кишварҳои минтақа ниёз ба эҷоди ҳамгароии бештаре доранд ва ин сафар ба далели таҳаввулоти минтақа аз аҳамияти болое бархурдор аст ва дар шаклгирии як навъ ҳамкории минтақаӣ миёни Эрон ва бархе аз кишварҳои минтақа муъассир хоҳад буд.

Бо ин ҳол лозим аст гомҳое амалӣ аз сӯи бархе кишварҳои минтақа низ бардошта шавад.

Шайх Носир Саббоҳ Алъаҳмад Алсаббоҳ муовини аввали нахуствазир ва вазири дифои Кувейт дар гуфтугӯи телефонии ахири худ бо амир сартиб Ҳотамӣ вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон бо изҳори тамоюл ба тақвияти равобити ду кишвар гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ҷойгоҳи таъинкунанда ва муассире дар ҳифзи сулҳ ва суботи минтақа дорад.

Шайх Носир Саббоҳ Алъаҳмад Алсаббоҳ ҷонишини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Кувейт ҳам дар дидори ахири худ бо Зариф тасреҳ кард, ҳамаи кишварҳои минтақа муттафиқул қавл ҳастем, ки зарурат дорад ҳар чи сареътар гуфтугӯи фарогири минтақаӣ бо Эрон ба унвони як кишвари муҳим ва таъсиргузорро оғоз кунем ва дар ҳоле, ки мо бо бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар заминаҳои мухталиф гуфтугӯ ва таомул дорем, чаро набояд чунин гуфтугӯ ва ҳамкориро бо Эрон дошта бошем.

Эрон то кунун аз ҳеҷгуна иқдоме барои ҳифзи амнияти дарёнавардӣ дар халиҷи Форс, гулӯгоҳи Ҳурмуз ва баҳри Уммон фуругузор накардааст. Дар ин чорчуб ҳамгароӣ бо кишварҳои минтақа ба вижа ҳамсоягон дар авлавияти депломасии Эрон қарор доранд. Ба иборате дигар бояд гуфт амнияти минтақа фасли муштараки Эрон ва дигар ҳамсоягон дар баҳри Форс аст, лизо кишварҳои минтақа бояд дар ин замина вориди гуфтугӯҳои созанда шаванд. Дар ин фароянд Эрон як кишвари бисёр муҳим барои ҳифз ва таъмини амнияти халиҷи Форс аст.

Ончи мусаллам аст амнияти минтақа ниёзманди мушорикати ҳамсоягон дар халиҷи Форс аст. Аммо дар нуқтаи муқобил сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико амнияти кулли минтақаро дар хатар қарор додааст. Аз замоне, ки Трамп қудратро дар Амрико ба даст гирифта ин танишҳо ру ба афзунӣ ҳастанд. Ҳузури бегонагон дар минтақа дар ҷиҳати амниятикардани муҳити тиҷорати баҳрии халиҷи Форс заминасози фуруши миллиардҳо доллар силоҳ ба кишварҳои арабии минтақааст, ки натиҷае ҷуз эҷоди беэътимодӣ дар миёни кишварҳои минтақа надоштааст.

Роҳбурди қатъии Эрон эътимодсозӣ бо кишварҳои Шурои ҳамкории халиҷи Форс аст ва дар ин чорчуб гуфтугӯро ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа медонад.

Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳифзи амният дар халиҷи Форс ва баҳри Уммон пешниҳоди ташкили маҷмаи гуфтугӯҳои минтақаиро матраҳ кардааст. Эрон ҳамчунин пешниҳоди паймони адами таъаррузро дар миёни кишварҳои минтақа ироа кардааст ва ин пешниҳодҳо ҳамчунон руи миз қарор дорад.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ҳафтаи гузашта бо интишори бахшҳое аз мусоҳибаи худ бо шабакаи Алҷазираи англисӣ дар Твиттер бо таъкид бар лузуми ҳамкории кишварҳои минтақа барои таъмини амният навишт беҳтарин роҳи таъмини амният ин аст, ки бо якдигар бошем ва мо омодаи он ҳастем.