Радди иддаъои тавқифи дубораи нафткаши эронии Грис 1
Муовини Созмони бандарҳои ва дарёнавардии Эрон, хабари тавқифи дубораи нафткаши эронии Грис 1 ро нодуруст донист ва гуфт; ин кишти баъд аз рафъи тавқиф, дар ҳоли тай кардани масири худ ба самти бандарҳои Мадитарона аст.
Ҷалил Исломӣ муовини Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, бо баёни ин,ки номи нафткаши эронии Грис 1 ба Одриён дарё тағийр ёфтааст, афзуд; мавзуъоти марбут ба тавқифи дубораи ин нафткаш сиҳат надорад ва ахбори расмӣ дар хусуси вазъияти ин нафткаши эронӣ ба зудӣ мунташир хоҳад шуд.
Исломӣ таъкид кард; иттифоқи тозае барои нафткаши эронӣ рух надодааст.
Нафткаши эронии Грис 1 чоруми июл,ба баҳонаи беасос нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зиди Сурия тавассути нерӯи дарёии Англия дар тангаи Ҷабал Алториқ тавқиф шуд.
Дар ҳоле,ки Англис мудаъӣ шуда буд тавқифи ин кишти бо ҳадафи мумониъат аз нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зиди Сурия анҷом гирифтааст,аммо давлати Испания,ки бар сари ҳокимият бар обҳои атрофи Ҷабал Алториқ бо Лондон ихтилоф дорад,дар баёнияе эълом кард; Англис ин иқдомро ба дархости Амрико анҷом додааст.
Додгоҳи олии Ҷабал Алториқ рӯзи панҷшанбе бо беэътиноӣ ба фишорҳо ва дархости расмии Амрико барои тамдиди тавқифи нафткаши Грис 1 ҳукми озодии онро содир кард.
Хабаргузории Фаронса бомдоди шанбе мудаъӣ шуд, додгоҳе дар Амрико бар асоси шикояти давлати ин кишвар,ҳукми тавқифи нафткаши Грис 1 дар Ҷабал Алториқро содир кардааст.