Август 17, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Қонуни асосии Эрон беҳтарин қонун барои ақаллиятҳои ҷаҳон

Намояндаи ошуриён дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эронро беҳтарин қонун дар бораи ақаллиятҳои ҷаҳон донист.

Ёнатан Бетколиа, намояндаи ошуриён дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи маросими дуохонии “Шород Морти Марям” ё ҳамон солрӯзи даргузашти ҳазрати Марям (с) дар Урумия, шимоли ғарби Эрон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории байналмилалии “Иронпресс” афзуд, ошуриён 2 ҳазор сол дар Эрон ҳузур доранд ва 1400 сол ҳам бо мусалмонон зиндагии мусолиматомез доранд. Намояндаи ошуриён дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ бо баёни ин ки ақаллиятҳои Эрон дар кишваре зиндагӣ мекунанд, ки қонуни асосии он тафовуте миёни масеҳӣ ва мусалмон қоил нест, таъкид кард, муддаиёни ҳуқуқи башар, ки фақат иддаои демократия доранд, набояд дар умури ақаллиятҳои динии дигар кишварҳо дахолат кунанд.