Август 18, 2019 09:15 Asia/Dushanbe
  • Сохти абаркампютери нав дар Эрон

Вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон аз сохти абаркампютери нави эронӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНО, Муҳаммадҷаводи Озарии Ҷаҳрумӣ вазири иртиботот ва технологии иттилооти Эрон дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт, абаркампютери нави эронии Симурғ, ки бисёр қудратмандтар аз намунаҳои пеш аст то соли оянда омода мешавад.

Озарии Ҷаҳрумӣ афзуд, абаркампютери нави эронии Симурғ барои ҳимоят аз касбу корҳо бо ҳадафи тавсеаи ҳуши сунъӣ ба мардум хидмат хоҳад кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳафтуми август дар дидори ҷамъе аз ҷавонони нухба ва соҳиби медал дар олимпиадаҳои илмии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин аъзои тими миллии волейболи ҷавонони эронӣ, ки бар боми қаҳрамонии ҷаҳон истоданд гуфтанд, пешрафти илмии судманд барои Эрон бо нигоҳи инқилобӣ ва мубтанӣ бар тафаккури исломӣ имконпазир аст ва бояд ҷавонони нухба, ҳадафи аслии худро расидан ба марзҳои дониш ва технологӣ ва пеш бурдани ин марзҳо қарор диҳанд.

Эрон дар соли 2018 рутбаи нахусти тавлидоти илмиро дар байни кишварҳои ғарби Осиё ва рутбаи шонздаҳумро дар байни кишварҳои ҷаҳон аз они худ кард.