Август 19, 2019 08:38 Asia/Dushanbe
  • Медали тиллои ҷаҳонӣ бар гардани шатранҷбози навниҳоли эронӣ

Бород Ягонагӣ, шатранҷбози навниҳоли эронӣ тавонист бо ғалабаи ҳарифони худ, медали тиллои мусобиқаҳои ҷаҳони шатранҷи навниҳолон дар Беларусияро касб куна.

Ин шатранҷбози навниҳоли эронӣ шабигузашта ( якшанбе шаб ) бо ғалаба бар ҳарифоне аз Русия, Ветнам, Қирғизистон ва Беларусия мувафақ шуд медали арзишманди тилло дар бахши Блитс ё Барқ Осоро аз они худ кунад.

Бород Ягонагӣ ҳамчунин дар бахши Рабид ё Сарӣ, медали биринҷиро бар гардан овехт, то унвони имтиёзовартарин шатранҷбози навниҳолро касб кунад.

Тими шатранҷи навниҳолони Эрон бо шаш намоянда дар мусобиқаҳои ҷаҳонии Беларусия ҳузур дошт.