Август 19, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Муборизаи Эрон бо султаталабӣ барои кишварҳои мустақили ҷаҳон ҷаззоб аст

Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон озодихоҳӣ, мубориза бо султаталабӣ ва истиқлолхоҳиро аз меҳварҳои инқилоби исломӣ донист.

Сайидкамоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон рӯзи душанбе, дар ҳошияи маросими оғоз ба кори нусхаи ҷадиди пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ (khamenei.ir) ба забонҳои русӣ, фаронсавӣ ва испониёӣ дар Теҳрон афзуд, истиқлолхоҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаҳон улгуе барои кишварҳои озодихоҳ шудааст.

Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон бо баёни ин ки бархе кишварҳои исломии минтақа илова бар вобастагӣ, бо таҳқири Амрико низ рӯ ба рӯ ҳастанд, гуфт, изҳороти таҳқиромези Доналд Трамп, раисҷумҳур дар бораи Арабистон натиҷаи ин вобастагӣ аст.

Харрозӣ афзуд, сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ тавассути нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва тавқифи киштии мутахаллифи Англия дар тангаи Ҳурмуз, қудрат ва иқтидори миллии Эронро ба ҷаҳониён нишон дод.

Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон ҳамчунин дар бораи оғоз ба кори нусхаи ҷадиди пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба забонҳои русӣ, фаронсавӣ ва испониёӣ гуфт, ин кишварҳо аз назари геополотикӣ муҳим ҳастанд ва ошноии онҳо бо осори Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дорои аҳамият аст.