Эрон амнияти гулӯгоҳи Ҳурмузро таъмин мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46070-Эрон_амнияти_гулӯгоҳи_Ҳурмузро_таъмин_мекунад
Убур аз гулӯгоҳи Ҳурмуз барои ҳама озод аст ва Эрон амнияти онро барқарор мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 21, 2019 08:15 Asia/Dushanbe
  • Эрон амнияти гулӯгоҳи Ҳурмузро таъмин мекунад

Убур аз гулӯгоҳи Ҳурмуз барои ҳама озод аст ва Эрон амнияти онро барқарор мекунад.

Сардор дарёдор Алиризо Тангсирӣ фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар боздид аз саноати дарёии Вазорати дифои Эрон дар Бандараббос (ҷануби Эрон) бо баёни ин нукта тасриҳ кард, Эрон муқобили кишварҳои фароминтақаӣ ва бегонагоне, ки ба қасди эҷоди нооромӣ ва ноамнӣ ва таҳдид вориди халиҷи Форс мешаванд муҳкам меистад ва маъмурияташро дар эҷоди амният дар минтақа анҷом хоҳад дод.

Амният дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва халиҷи Форс дар муодилоти амниятии байналмиллалӣ ва минтаақаӣ аҳамияте роҳбурдӣ дорад ва ба ҳамин далел ҳеҷ гуна ихлол дар ин ҷиҳат қобили гузашт намебошад.

Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси роҳбурди амниятии худ дар минтақаи халиҷи Форс, ки бар амнияти фарогири минтақаӣ таъкид дорад бо ҳаргуна мудохилаи амниятии фароминтақаӣ мухолиф аст ва кишварҳои ҳамсояи ҷанубии халиҷи Форсро низ аз бурунсупории амниятӣ ва моҷароҷӯиҳои танишзо манъ ва ба ҳусни ҳамҷаворӣ даъват мекунад.

Дар ҳамин чорчуб намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳифзи амнияти халиҷи Форсро вазифаи кишварҳои соҳилии он донист ва гуфт, ҳузур ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ дар ин оброҳи роҳбурдӣ, бесуботкунанда ва нопазируфтанӣ аст.

Маҷиди Тахтравончӣ дар нишасти Шурои амнияти Созмони Миллал барои баррасии чолишҳои сулҳ ва амният дар Ховари Миёна таъкид кард, ҳар талоше барои эҷоди эътилофҳои тасаннуӣ барои амнияти новбарӣ дар минтақаи халиҷи Форс бо шикаст ру ба ру хоҳад шуд.

Бурунсупории амнияти минтақа аз сӯи бархе кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, ба маънои даъват ба мудохилаи аносури фароминтақаӣ аст. Амрико барои тавҷеҳи мудохилоти худ дар минтақа ду сенарияи амниятӣ ва иқтисодиро тарроҳӣ кардааст. паҳлуи амниятии ин сенария субот ва амнияти киштиронӣ дар халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмузро нишона гирифтааст.

Роҳбурди Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳар ду сенария истодан муқобили фишорҳои Амрикост. Сиёсати эъмолии Эрон дар баробари амнияти халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз, мубтанӣ бар боздорандагӣ ва дафъи таҳдидҳо аз минтақааст.Ҷумҳурии исломии Эрон мутобиқи усулу қоидаҳо ва ҳуқуқи байналмиллал, тавонмандиҳои дифоӣ ва амниятии худро мутаносиб бо таҳдидҳо, таъриф кардааст. Лизо ин эътилофсозиҳо дар сурате, ки ноқизи манофеи Эрон дар минтақа бошад, мутмаинан ҳазинаҳои ҳангуфтеро барои Амрико ва Британия, Баҳрайн, Аморот, Арабистон ва ё ҳар бозигари дигар мутамоил ба чунин эътилоф хоҳад дошт.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар тамоси телефонии ахири худ бо Эманоел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса бо баёни ин ки сиёсатҳои танишофарини Амрико дар минтақа дар бардорандаи осори манфӣ дар амният ва суботи равобити фароминтақаӣ ва байналмиллалӣ аст таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора аслитарин таъминкунандаи амният ва озодии киштиронӣ дар минтақаи халиҷи Форс, гулӯгоҳи Ҳурмуз ва баҳри Уммон буда ва хоҳад буд.

Абдулборӣ Ал-Атвон таҳлилгари машҳури ҷаҳони араб дар нигоҳ ба эътилофсозӣ мегуяд, бар хилофи тасаввури сарони араб ба назар мерасад, ки амрикоиҳо ва саҳюнистҳо бо матраҳ сохтани омодагии Тел-Авив барои ҳузур дар халиҷи Форс бозии тозаеро ба манзури ҷушидани шири аъроб оғоз кардаанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, аммо бо посухҳои қудратмандона ва қотеонаи худ аз ҷумла сарнагун кардани паҳподи ҷосусӣ ва мутаҷовизи амрикоӣ ва ҳамчунин тавқифи нафткаши қонуншикани англисӣ дар халиҷи Форс нишон дод, ки бо ҳеҷ иқдоми танишзое дар ин минтақа канор намеояд.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ҳам пеш аз ин дар гуфтугӯе дар бораи таъмини амнияти халиҷи Форс гуфтааст, мо 1500 мойл марз дар халиҷи Форс дорем. Ба ҳамин далел аст, ки ба он халиҷи Форс мегуянд, халиҷи Мексика нест ва дар муҷовирати мо аст.

Таъмини амният ва озодии киштиронӣ ҷузъе аз манофеи муҳимми Эрон дар заминаи амнияти миллӣ аст ва ҳеҷ кас наметавонад бидуни Эрон дар ин обҳо амниятро таъмин кунад. Ин мавзӯъ дар музокироти Зариф дар сафар ба се кишвари аврупоӣ низ мавриди таъкид қарор гирифтааст.