Август 21, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Чиҳил соли дувуми инқилоб қатъан беҳтар хоҳад буд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба пешрафтҳо ва афзоиши тавоноиҳои ҷумҳурии исломӣ таъкид карданд: “Душман ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад ва чиҳил соли дувуми ҷумҳурии исломӣ қатъан аз чиҳил соли аввал барои мо беҳтар ва барои душманон бадтар хоҳад буд”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлат гуфтанд, Амрико, Аврупо ва ҳатто Шӯравии собиқ дар ин чиҳил сол ҳар иқдомеро, ки метавонистанд алайҳи ҷумҳурии исломӣ анҷом доданд, аммо ба натиҷа нарасиданд.

Эшон ҳамчунин бо ишора ба мавзӯи иқтисод, табдили нафти хом ба фаровардаҳои мухталифро роҳи аслии раҳоӣ аз вобастагӣ ба содироти нафти хом баршумурданд ва афзуданд, ҳамчунон, ки борҳо гуфта шудааст, метавонем бо истифода аз андешамандон ва санъатгарон, илова бар фаровардаҳои феълӣ назири газ ва бензин, дар оянда ба таркибот ва тавлидоти дигаре даст ёбем, ки арзиши содиротии онҳо чандин баробари нафти хом бошад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба мавзӯи Кашмир низ ишора карданд ва бо ибрози нороҳатӣ аз вазъи мусалмонони ин минтақа гуфтанд: “Мо бо давлати Ҳинд равобити хубе дорем, аммо интизор ва таваққуъ аз давлати Ҳинд ин аст, ки сиёсати мунсифона дар қиболи мардуми наҷиби Кашмир дар пеш бигирад ва ба мардуми мусалмони ин минтақа зӯр гуфта нашавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ вазъияти кунунии минтақаи Кашмир ва ихтилофоти Ҳинду Покистон дар ин заминаро натиҷаи иқдомоти Англияи хабис ба ҳангоми хуруҷ аз нимқораи Ҳинд донистанд ва афзуданд, англисҳо барои идомаи даргирӣ дар Кашмир, амдан ин захмро дар ин минтақа барҷой гузоштанд.