Зариф: Аврупоиҳо ба тааҳҳудоти барҷомии худ амал накардаанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i46079-Зариф_Аврупоиҳо_ба_тааҳҳудоти_барҷомии_худ_амал_накардаанд
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти барҷомии худ гуфт, аврупоиҳо аз замони хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ, ҳанӯз ба тааҳҳудоташон амал накардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 21, 2019 12:48 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Аврупоиҳо ба тааҳҳудоти барҷомии худ амал накардаанд

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти барҷомии худ гуфт, аврупоиҳо аз замони хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ, ҳанӯз ба тааҳҳудоташон амал накардаанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар муассисаи байналмилалии таҳқиқоти сулҳи Стокҳолм, мавсум ба “Сипри”, бо ишора ба механизмҳои тарроҳишуда дар БарҶом дар хусуси тааҳҳудоти тарафайн ва иҷро нашудани онҳо аз сӯи ҳар як аз аъзо афзуд, Амрико наметавонад аз ин тавофуқ ба унвони василае ба нафъи худаш истифода кунад.

Зариф бо ишора ба гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон гуфт, ин гом қатъан муҳкамтар аз гомҳои қаблӣ хоҳад буд.

Вай бо ишора ба рафтори ғайриқобили пешбинии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт: “Вақте шумо корҳои ғайриқобили пешбинӣ анҷом медиҳед, тарафайн низ иқдомоти ғайриқобили пешбинӣ мекунанд, ки дар ниҳоят мунҷар ба ҳарҷу марҷ хоҳад шуд”.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳузури эътилофи низомии Амрико ва Аврупо дар халиҷи Форс таъкид кард, онҳо то замоне, ки киштии Эронро дар Ҷабалутториқ тавқиф кунанд ва алайҳи мардуми Эрон ҷанги иқтисодӣ ба роҳ баандозанд, қодир ба барқарории амният дар халиҷи Форс нестанд.

Зариф гуфт, Эрон ҳазору 500 километр марзи обӣ дар халиҷи Форс ва дарёи Уммон дорад ва ҳеҷ новгон ва артише наметавонад амниятро дар ин минтақа барқарор кунад.

Вай дар идома бо ишора ба афзоиши хариди таслиҳоти низомӣ тавассути Арабистон ва бархе кишварҳои минтақа афзуд, амнияти минтақа хариданӣ нест.