Август 22, 2019 10:13 Asia/Dushanbe
  • Рунамоии китоби

Аз китоби "Сафарномаи Тоҷикистон" дар ЭКО рунамоӣ шуд.

Ба нақл аз Т-Нюз, рунамоии китоби сафарномаи Тоҷикистон, Самарқанд ва Бухоро ангезае барои мурури сафари дигари бону Бадиъӣ ба Чин шуд ва вай хоҳони пайвастани вилояти Син Ҷияни Чин ба парвандаи ҷаҳонии Наврӯз шуд.

Оини  рунамоии китоби "Сафарномаи Тоҷикистон, Самарқанд ва Бухоро" ба нависандагии Нодира Бадиъӣ дар 46-умин нишаст аз нишастҳои дунболадори руйдодҳои фарҳангӣ ва китобхонаии ЭКО бо ҳамёрии Анҷумани дустии Эрон ва Тоҷикистон дар созмони фарҳангии ЭКО баргузор шуд.

Доктор Меҳдии Мазоҳирӣ раиси муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин маросим гавҳараҳои фарҳангиро санги бинои устувори дустӣ ва якпорчагӣ миёни кишварҳои ҳамсуди ЭКО донист ва гуфт, забон, адабиёт, меҳрварзӣ, хунёгарӣ, ҳунар ва оинҳо ҳамагӣ аз гавҳараҳои калидии ягонагии фарҳанги Эрон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсуди ЭКО ба шумор меоянд.

Вай гуфт, мо дар Созмони фарҳангии ЭКО аз роҳу равиши иҷтимоӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ҳамвора умеддиҳандаи пайвандҳои фарҳангӣ барои устувории бештари пайвандҳои дӯстона будем ва хоҳем буд.

Ӯ гуфт, ҳадафи Созмони фарҳангӣ ва фаромиллии ЭКО бовар ба густариш ва шинохти жарф ва пайванди наздик миёни миллатҳои ин кишварҳо аст.

Нодира Бадиъӣ дар ҳоли ҳозир узви конуни пажуҳишгарони мусиқии Эрон аст ва имрӯз аз шоирон, нависандагон ва пажуҳишгарони шинохташудаи эронӣ ба шумор меояд ва танҳо пажуҳишгари забон ва фарҳанги Ӯйғурони Чин дар Эрон аст.