Мусоҳибаи Зариф бо Евра-Нюз дар бораи паёмадҳои иқдомоти якҷонибаи Амрико
(last modified Sat, 24 Aug 2019 08:33:16 GMT )
Август 24, 2019 13:33 Asia/Dushanbe
  • Мусоҳибаи Зариф бо Евра-Нюз дар бораи паёмадҳои иқдомоти якҷонибаи Амрико

БАРҶОМ тавофуқи якҷониба набуд, балки муоҳидае буд, ки ба таиди Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид раисда буд.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа пас аз дидор бо Эманоел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Евра-Нюз бо баёни ин нукта хотирнишон кард, агар Иттиҳодияи Аврупо ҳамроҳ бо Амрико ё бидуни Амрико тасмим бигирад, ки тааҳудоти худ дар БАРҶОМро иҷро кунад метавонем дар чанд соат ба иҷрои комили БАРҶОМ бозгардем.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳоле бар зарурати амали тарафҳои муқобил ба тааҳудоти барҷомӣ таъкид кардааст, ки қарор аст аз имрӯз шанбе иҷлоси Гуруҳи 7 ба мизбонии Фаронса баргузор шавад.

Фаронса ба унвони раиси давраии гуруҳи 7 зоҳиран қасд дорад аз охирин фурсатҳои боқимонда барои ҳифзи БАРҶОМ истифода кунад.

Хуруҷи якҷониба ва танишзои Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва бозгашт ба таҳримҳо, мушкилоти мутааддидеро бар сари роҳи тиҷорати озоди ҷаҳонӣ ва равобити мустақили кишварҳо ва ҳамчунин дар раванди сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эҷод кардааст.

Акнун бо бурузи нишонаҳои оғози рукуди иқтисодӣ дар ҷаҳон, сарнавишти бозори ҷаҳонии нафт ва амнияти тиҷорати он аз тариқи Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз ба масъали нигаронкунанда табдил шудааст. Ин нигаронӣ бо иқдомоти танишсози Амрико ва Британия дар минтақа паҳлуҳои бештаре пайдо кардааст.

Аз нигоҳи маҳофили хабарӣ бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ихтилофи назарҳои тиҷорӣ миёни Трамп ва сарони шаш кишвари саноатӣ ва сарватманди ҷаҳон, ки аз нишасти соли гузаштаи Гуруҳи 7 дар Канада буруз кард акнун мавзӯи Эрон низ метавонад бар доманаи ихтилофи назари сарони гуруҳи 7 дар мавриди наҳваи таомул бо Эрон бияфзояд.

Эрон пештар эълом кардааст дар сурате, ки Аврупо то панҷуми сентябр хариди нафт аз Эрон, муровидоти бонкӣ ва тиҷориро бар хилофи таҳримҳои Амрико аз сар нагирад, севвумин гомро дар ҷиҳати коҳиши тааҳудоти ҳастаии худ дар қолиби созу корҳои пешбинӣ шуда дар БАРҶОМ бархоҳад дошт.

Рӯзномаи Индипендент чопи Лондон дар гузорише зимни таҳлили рафтори аврупоиҳо дар муқобили якҷонибагароӣ навишт, раҳбарони аврупоӣ дар нишасти Гуруҳи 7 бояд интихоб кунанд, ки ё ба талошҳояшон барои ҳифзи БАРҶОМ идома хоҳанд дод ва Теҳронро барои идомаи сиёсатҳояш мусаммам хоҳанд кард ва ё ин ки бо дар пеш гирифтани як руйкарди нав бо Трамп ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Эманоел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса ба унвони мизбон ва раиси нишасти соли 2019 Гуруҳи 7 таи моҳҳои ахир бо афзоиши тамосҳои телефонӣ бо ҳамтои эронии худ талоши доманадореро барои ҳифзи БАРҶОМ оғоз карда ҳарчанд, ки ин талошҳо токунун натиҷаи хоссе надоштааст.

Шавоҳиди зиёде нишон медиҳанд, ки кишварҳои аврпуоӣ бо сиёсатҳои давлати Трамп ҳамсӯ нестанд ва ин ихтилофи назар фақат дар мавриди БАРҶОМ нест. Дар ҳавзаи иқтисодӣ хуруҷи Трамп аз паймони мушорикати ду сӯи уқёнуси Ором ва вазъи таърафа бар воридоти коло, аз мавзӯотест, ки сабаб шудааст тарафҳои тиҷории Амрико ба дунболи тавофуқҳои тиҷории тозае бидуни ҳузури Амрико бошанд.

Шабакаи хабарии Бломберг дар остонаи иҷлоси Гуруҳи 7 дар ин замина навишт, норизоятии кишварҳои аврупоӣ аз сиёсатҳои ифротии Доналд Трамп алайҳи Эрон ва рафторҳои ӯ бо муттаҳидони аврупоӣ муҷиб шуда аврупоиҳо эътимоде ба Амрико надошта бошанд.

Дар чунин мавқеияте ба назар мерасад ҳифзи БАРҶОМ барои Аврупо ба навъе талош барои эҷоди мувозина дар муқобили фишорҳои Амрико табдил шуда ва дар айни ҳол ба манзилаи дифоъ аз тавофуқе байналмиллалӣ аст, ки барои ҳайс ва эътибори Аврупо дорои аҳамият аст. Ин ҳамон нуктае аст, ки Зариф низ дар мусоҳибааш бо Евра-Нюз ба он ишора кардааст.

Ончи мусаллам аст паёмадҳои иқдомоти якҷонибаи Амрико кутоҳ муддат нахоҳад буд ва агар Аврупо ва ё дигар кишварҳо бо иқтисодҳои бузург монанди Жопон натавонанд дар муқобили интизороти зиёдахоҳонаи Амрико аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд ин ақибнишинӣ қатъан барои онҳо ҳазинаи сангине дар ҳамаи заминаҳо хоҳад дошт.