Ташарруфи ҷавони фаронсавӣ ба дини Ислом дар Машҳад
(last modified Sat, 24 Aug 2019 14:07:42 GMT )
Август 24, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи ҷавони фаронсавӣ ба дини Ислом дар Машҳад

Ҷавони фаронсавӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо алайҳиссалом дар Машҳад, ба дини мубини Ислом мушарраф шуд ва номи "Алӣ" - ро барои худ баргузид.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ба ин ҷавони фаронсавӣ, ки зикри шаҳодатайнро дар ҳарами имом Ризо (а) бар забон ҷорӣ кард, як ҷилд каломуллоҳи маҷид, китоб ва ҳадоёи фарҳангӣ эҳдо шуд.

Ин ҷавони фаронсавӣ пас аз ташарруф ба дини мубини Ислом гуфт, миллионҳо мусалмон бо мазоҳиби мухталиф дар саросари ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, аммо шумори андаке аз онҳо чеҳраи ин динро махдуш кардаанд ва кишварҳои ғарбӣ низ аз ин фурсат барои муқобила бо Ислом истифода мекунанд.

Вай ҳамчиин бо баёни ин ки эрониён инсонҳои бофарҳанг ва дорои фикрҳои бозу равшан ҳастанд афзуд, эрониён ҳатто пазирои афроде ҳастанд, ки дин надоранд ва аз онон ба гармӣ истиқбол мекунанд, чун фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни боасолате доранд ва инро метавон аз рафтори меҳрубон ва хунгарми онҳо дарёфт.

Дар солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф бо сафар ба Эрон, ба дини мубини Ислом гаравидаанд.