Август 26, 2019 15:53 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон вориди Пекин шуд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (душанбе) дар садри ҳайате вориди Пекин шуд ва мавриди истиқболи мақомоти Чин қарор гирифт.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар ин сафар, ки ба даъвати Ванг Йи, вазири умури хориҷаи Чин анҷом шудааст, бо мақомоти ин кишвар дар мавриди равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва ройзанӣ хоҳад кард.

Зариф баъд аз сафари дурӯза ба Чин, роҳии Ҷопон ва Малайзия хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон асри рӯзи якшанбе низ ба даъвати Жан-Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса ба шаҳри Беретз (ҷануби ғарби Фаронса), маҳалли баргузории иҷлоси сарони гурӯҳи ҳафт сафар кард.

Зариф дар шаҳри Беретз бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳурӣ ва Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса ва ҳамчунин намояндагони Олмон ва Британия дидору гуфтугӯ кард.