Август 26, 2019 18:02 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи давлати Эрон: Режими Исроил бояд паёмади иқдомоти таҷовузкоронаи худро бипазирад

Сухангӯи давлати Эрон бо маҳкум кардани таҷовузҳои режими Исроил ба Сурия, Лубнон ва Ироқ таъкид кард, режими саҳюнистӣ бояд паёмади иқдомоти таҷовузкоронаи худро бипазирад.

Алии Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон имрӯз (душанбе) дар нишасти хабарӣ, бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ набояд аз хештандории мардуми минтақа сӯиистифода кунад афзуд, Эрон аз ҳаққи дифои қонунии миллатҳои Ироқ, Сурия ва Лубнон ҳимоят мекунад.

Рабеӣ ҳушдори Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба режими саҳюнистиро паёми қотеъ ба мутаҷовизон донист ва гуфт, режими саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир қавонини байналмилалиро густохона нақз кардааст.

Сухангӯи давлати Эрон дар бораи таҷовузи паҳподии режими саҳюнистӣ ба пойгоҳҳои Алҳашдушшаъбии Ироқ низ изҳор кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар кумаке ба ироқиҳо барои муқобила бо таҷовузҳои режими саҳюнистӣ дареғ нахоҳад кард.

Рабеӣ ҳамчунин бо ишора ба вазъияти нафткаши эронии “Грейс - 1” гуфт, Эрон нафти ин киштиро фурӯхтааст ва акнун соҳиб ва харидори нафт худаш тасмим мегирад, ки мақсади маҳмула куҷо бошад.

 Сухангӯи давлати Эрон ба сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ба Фаронса низ ишора кард ва афзуд, сафари Зариф рабте ба иҷлоси сарони гурӯҳи ҳафт надошт ва ба дархости Фаронса анҷом шуд.

Рабеӣ таъкид кард, ҳеҷ тамоюле дар Эрон барои дидор бо мақомҳои амрикоӣ вуҷуд надорад.