Август 26, 2019 19:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зариф бо вазири умури хориҷаи Чин

Зариф бо вазири умури хориҷаи Чин дидор кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон асри имрӯз, душанбе ба вақти маҳаллӣ, дар Пекин бо Ванг Йи, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии халқии Чин дидор ва дар хусуси муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Тарафайн дар ин дидор зимни таъкид бар равобити таърихӣ ва роҳбурдии ду кишвар, бар тавсеа ва таъмиқи он дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва энержӣ ва соири заминаҳои мавриди алоқа таъкид карданд.

Вазири умури хориҷаи Чин дар ин дидор БарҶомро дастоварди муҳими дипломатӣ ва намоди чандҷонибагароӣ тавсиф кард ва бо радди ҳар гуна якҷонибагароӣ, азми Чинро барои ҳамкорӣ бо Эрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи ин дастоварди муҳими байналмилалӣ ёдовар шуд.

Табодули назар дар хусуси муҳимтарин таҳаввулоти минтақаӣ, аз ҷумла дар халиҷи Форс, шимоли Африқо ва Амрикои Лотин аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи доктор Зариф ва Ванг Йи буд.

Муҳаммадҷаводи Зариф соате пеш дар садри ҳайате вориди фурудгоҳи Пекин шуд ва аз сӯи мақомоти ин кишвар ва ҳамчунин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин мавриди истиқбол қарор гирифт.

Ваири хориҷаи Эрон қарор буд рӯзи якшанбе, севуми шаҳривар дар садри ҳайате ба Чин сафар кунад, аммо бо таваҷҷуҳ ба сафари дубораи Зариф ба Фаронса, ӯ бомдоди душанбе роҳии Пекин шуд.

Зариф асри якшанбе ба Беретз, маҳалли баргузории нишасти сарони гурӯҳи ҳафт дар Фаронса рафт ва дар он ҷо бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Жан –Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи он кишвар ва намояндагоне аз Олмон ва Англия мулоқот кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи ҷумъаи гузашта дар мавриди сафари Муҳаммадҷаводи Зариф ба Пекин гуфта буд, Чин ва Эрон ҳамвора дар чаҳор даҳаи гузашта равобити пойдор ва рӯ ба рушде доштаанд ва вузарои хориҷаи ду кишвар дар Пекин дар бораи мавзӯоти байналмилалӣ ва минтақаии мавриди алоқаи ду тараф гуфтугӯ мекунанд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Пекин изҳор дошт, Пекин омодагӣ дорад ба манзури ҳифзи сулҳу субот дар халиҷи Форс талошҳои муштараки худро бо Эрон идома диҳад.

Зариф баъд аз ду рӯзи иқомат дар Пекин, роҳии Ҷопон ва Малайзия хоҳад шуд.