Август 26, 2019 20:52 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони хориҷаи Эрон ва Чин бар таъмиқи равобити дуҷониба

Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Чин бар тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва энержӣ таъкид карданд.

Дар дидори рӯзи душанбе Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Ванг Йи, вазири умури хориҷаи Чин дар Пекин, ду тараф дар хусуси муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ваег Йи дар ин дидор БарҶомро дастоварди муҳими дипломатӣ ва намоди чандҷонибагароӣ донист ва бо радди ҳар гуна якҷонибагароӣ, азми Чинро барои ҳамкорӣ бо Эрон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи ин дастоварди муҳими байналмилалӣ эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (душанбе) дар садри ҳайате вориди Пекин шуд ва мавриди истиқболи мақомоти Чин қарор гирифт.

Зариф баъд аз ду рӯзи иқомат дар Пекин, роҳии Ҷопон ва Малайзия хоҳад шуд.