Август 27, 2019 10:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Эрон

Сарпарасти Вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон пешбинӣ кард, то поёни имсол ҳудуди даҳ миллион гардишгар ба Эрон сафар кунанд.

Алии Мунисон шомгоҳи душанбе дар Шероз ҷануби Эрон бо матлуб тавсиф кардани шароити устонҳои Эрон дар заминаи боздиди гардишгарони хориҷӣ ва дохилӣ гуфт, ҳудуди ду ҳазор прожаи гардишгарӣ шомили 500  ҳотел дар саросари кишвар дар ҳоли сохт аст, ки бо ифтитоҳи ин тарҳҳо зарфияти гардишгарии Эрон дар ояндаи наздик ба бист миллион нафар дар сол афзоиш хоҳад ёфт.

Сарпарасти Вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон бо ишора ба ин ки саҳми мо аз даромадҳои гардишгарӣ ҳудуди 20 миллиард доллар аст гуфт, вуруди ҳар гардишгари хориҷӣ ҳудуди ҳазору 400 доллар барои кишвар даромад дорад.

Мунисон гуфт, дар сурати таваҷҷуҳ ба саноати гардишгарӣ дар Эрон ин санъат метавонад яке аз сутунҳои иқтисоди муқовиматии Эрон ба ҳисоб биёяд.

Сарпарасти Вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон гуфт,  дар се моҳи ибтидоии имсол нисбати муддати мушобеҳи соли гузашта вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Эрон бо 40 дарсад афзоиш ру ба ру буда ва пешбинӣ мешавад имсол рақами 10 миллион гардишгари вурудӣ ба Эрон амалисозӣ шавад ва дар чанд соли оянда низ шиори вуруди 20 миллион гардишгар, ки дар солҳои қабл ҳадафгузорӣ шуда даст ёфтанӣ аст.

Барчасп