Зариф Пекинро ба мақсади Токио тарк кард
Зариф Пекинро ба мақсади Токио тарк кард.
Ба нақл аз Форс, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи сафараш ба шарқи Осиё ва пас аз тарки Пекин соате пеш роҳии Токио шуд.
Вай дар Чин бо Вонг Йи ҳамтои чинӣ дидор ва гуфтугӯ кард ва дар твитте дар бораи ин ройзаниҳо навишт, гуфтугӯи муфассал ва созанда доштем. Дар бораи мавзӯоти дуҷониба, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дидгоҳе муштарак дорем. Як нақшаи роҳи 25 сола барои таҳкими широкати ҷомеи роҳбурдӣ ва нақшофаринии фаол дар ибтикори "Як паҳна як роҳ" пешниҳод кардам.
Дар гуфтугӯҳои дуҷонибаи вазирони хориҷаи Эрон ва Чин дар Пекин дар хусуси паҳлуҳои мухталифи равобити дуҷониба охирин таҳаввулоти иҷрои БАРҶОМ ва ибтикороти раисони ҷумҳури Эрон ва Фаронса нақшаи роҳи 25 соли ояндаи равобити ду кишвар амнияти минтақаи Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз, таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Иёлоти муттаҳида зидди кишварҳои мустақил гуфтугӯ ва табодули назар шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон зимни таъкид бар тавсеаи ҳамаҷонибаи равобити роҳбурдӣ ва ҳазорсолаи ду миллати Эрон ва Чин фишори иқтисодӣ ва таҳримҳои Амрико зидди Чин ва низ мудохилаи он кишвар ва бархе кишварҳои ғарбӣ дар умури дохилии онро маҳкум кард ва ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз сиёсати Чин воҳидро мавриди таъкид қарор дод.
Вазири умури хориҷаи Чин низ дар ин дидорҳо зимни таъкид бар чандҷонибагароӣ, лузуми риояи тавофуқоти байналмиллалӣ ва ҳифзи ҷойгоҳи Шурои амниятро ёдовар шуд ва изҳор дошт, Чин аз ҳар иқдоме, ки ба коҳиши таниш ва афзоиши субот ва амният дар минтақа мунҷар шавад ва низ ҳуқуқи машруи Эрон дар БАРҶОМ ва манофеи иқтисодии бархоста аз он ҳимоят мекунад.
Раиси дастгоҳи депломасии Эрон қарор аст пас аз Жопон роҳии Малайзия шавад.