Эъзоми ҳайати иқтисодии Эрон ба Фаронса дар ҳафтаи оянда
Раиси дафтари раисҷумҳурии Эрон аз эъзоми ҳайати иқтисодии Эрон ба Фаронса дар ҳафтаи оянда хабар дод.
Маҳмуди Воизӣ, раиси дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба пешрафти музокирот байни Эрон ва Фаронса гуфт, ҳафтаи оянда ҳайате иқтисодӣ аз Эрон ба Фаронса эъзом хоҳад шуд то дар бораи ҷузъиёти музокирот сӯҳбат кунад.
Воизӣ афзуд, замоне, ки ин ҳайати иқтисодӣ ба Эрон бозгашт, Теҳрон тасмими худро дар хусуси бардоштани гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худ эълом хоҳад кард.
Эрон баъд аз хуруҷи Амрико аз БарҶом як сол “сабри роҳбурдӣ” -ро дар дастури кор қарор дод ва ба тарафҳои ин тавофуқ, ба вижа кишварҳои аврупоӣ, ки ваъдаи ҷуброни хуруҷи Амрикоро медоданд, мӯҳлат дод ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом амал кунанд.Эрон 8 –уми майи 2019 пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БарҶом эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 –и ин тавофуқ муаллақ мекунад. Эрон 60 рӯз ба тарафҳои боқимонда дар БарҶом фурсат дод то тааҳҳудоти худ, ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтиро иҷро кунанд.
Эрон ҳафтуми июл, пас аз поёни мӯҳлати 60 рӯза худ ба аврупоиҳо барои иҷрои тааҳҳудоти барҷомиашон, фароянди убур аз сатҳи ғанисозии 3.67 дарсадро оғоз кард. Эрон ҳамчунин ба аврупоиҳо ҳушдор дод, агар тааҳҳудоти худро иҷро накунанд, Теҳрон гоми севумро муҳкамтар бармедорад.