Август 28, 2019 18:00 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Амрикоиҳо таслими иқтидори миллати Эрон шудаанд

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба пешрафтҳои ҷумҳурии исломӣ дар заминаҳои мухталиф гуфт, амрикоиҳо таслими иқтидор ва муқовимати миллати Эрон шудаанд.

Сардор сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон афзуд, имрӯз миллати Эрон дар буъди дифоӣ ва амниятӣ, сарбаланд ва устувор дар масири ормонҳои худ ҳаракат мекунад ва иҷозаи вуқӯи ҷангеро намедиҳад.

Сарлашкар Боқирӣ бо таъкид бар ин ки дар ҷанги ҳаштсолаи режими баъси Ироқ бо Эрон, ҷумҳурии исломи муқобили истикбори ҷаҳонӣ пирӯз шуд, тасреҳ кард, Эрон пас аз даврони Дифои муқаддас низ бо вуҷуди мушкилоти бисёр тавонист бар террористҳои Аннусра ва ДИИШ пирӯз шавад.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҷанги 33 рӯзаи режими саҳюнистӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанг бо режими саҳюнистӣ нишондиҳандаи интиқоли таҷрибиёти Дифои муқаддаси Эрон аст.

Сарлашкар Боқирӣ ба ҳамалоти эътилофи саудӣ ба мардуми Яман низ ишора кард ва афзуд, мардуми Яман, ки дар рӯзҳои нахусти ҳамлаи Арабистон ба он кишвар, силоҳе барои дифоъ аз худ надоштанд, бо таъсир аз инқилоби исломии Эрон, акнун созандаи мушак ва падофанди ҳавоӣ ҳастанд.