Сафари Муҳаммадҷаводи Зариф ба кишвари Малайзия
(last modified Wed, 28 Aug 2019 13:39:07 GMT )
Август 28, 2019 18:39 Asia/Dushanbe
  • Сафари Муҳаммадҷаводи Зариф ба кишвари Малайзия

Вазири умури хориҷаи Эрон ба Малайзия сафар кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи сафараш ба шарқи Осиё ва пас аз тарки Ҷопон, ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти Малайзия роҳии Куала-Лампур шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ба нақл аз “Форс”, раиси дастгоҳи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз ин дар ҳангоми вурудаш ба Чин (мақсади аввали ин сафар) дар бораи сафараш ба Малайзия гуфта буд: “Бо таваҷҷуҳ ба тақоруби дидгоҳҳое, ки байни мо ва давлати ҷадиди Малайзия ҳаст, ниёз аст ҳамоҳангиҳое барои ҳамкорӣ дар ҷаҳони Ислом ва равобити дуҷониба байни Эрон ва Малайзия сурат бигирад, ки ин сафар ҳам анҷом хоҳад шуд”.

Вай пеш аз ин ба Чин сафар ва бо Ванг Йи, ҳамтои чинӣ дидору гуфтугӯ карда буд ва дар сафари дурӯза ба Ҷопон ҳам бо Коно Таро ва Обе Шинзо, вазири хориҷа ва нахуствазири ин кишвар ба ройзанӣ дар бораи муносиботи дуҷониба ва авзои кунунии халиҷи Форс пардохта буд.

Зариф дар поёни ин сафар дар сафҳаи твиттериаш ба забони ҷопонӣ ройзаниҳояш бо нахуствазир ва вазири хориҷаи Ҷопонро созанда хонда буд ва навишт, ки дар ин сафар дар бораи таҳкимт равобити дуҷониба, коҳиши таниш дар халиҷи Форс ва тазмини манофеи мардуми Эрон аз БарҶом бо мақомоти ҷопонӣ гуфтугӯ кардааст.

Раиси дастгоҳи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду ҳафтаи ахир ба Қатар, Кувайт, Финляндия, Шветсия, Норвегия ва ду бор ҳам ба Фаронса сафар карда буд.