Бақои БарҶом дар гарави иқдоми амалии Аврупо, на музокира бо Амрико
Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷоза намедиҳад, ки Амрико аз музокироти Эрон бо аврупоиҳо сӯиистифода кунад.
Сайид Аббоси Ироқчӣ чаҳоршанбешаб дар бораи фазосозиҳои матраҳшуда аз сӯйи бархе тарафҳо дар хусуси дидори раисони ҷумҳурии Эрон ва Амрико дар ояндаи наздик таъкид кард, Эрон музокирае бо Амрико надорад.
Сафари ахири Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ба Фаронса ва ройзании вай бо вазири хориҷа ва раисҷумҳури ин кишвар дар ҳошияи нишасти сарони Гурӯҳи ҳафт дар шаҳри Беретз, вокунишҳои мухталифе дар расонаҳо доштааст.
Ройзании чаҳорсоатаи Зариф бо масъулони фаронсавӣ бехигӯши нишасти сарони Гурӯҳи ҳафт нишон дод, тарафҳои аврупоии БарҶом ҳамчунон аз ин дастоварди дипломатии ҷаҳонӣ, бо вуҷуди мухолифати Амрико ҳимоят мекунанд.
Ҳимояти Фаронса аз БарҶом ҳамзамон бо ҳузури Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нишасти Гурӯҳи ҳафт, ин паёмро ба амрикоиҳо мухобира кард, ки равобити Эрон ва Аврупо ва ҳимоят аз БарҶом мавзӯе дуҷониба ва хориҷ аз сиёсатҳои Амрикост.
Дар пайи хуруҷи Амрико аз БарҶом, Эрон бо дигар тарафҳои боқимонда дар тавофуқи ҳастаӣ ҳамкорӣ ва ройзанӣ дорад то зимни таъмини манофеи Эрон, бақои БарҶом тазмин шавад.
Эрон дар вазъияти мавҷуд то замоне ба БарҶом пойбанд аст, ки дигар тарафҳои аврупоӣ ба таври комил ба БарҶом пойбанд бошанд. Акнун тарафҳои боқимонда дар БарҶом, ба вижа аврупоиҳо аммо ба таври комил тааҳҳудҳои БарҶомии худро амалӣ накардаанд.
Дар чунин шароите Эрон бо дар пеш гирифтани сиёсати коҳиши тааҳҳудҳои БарҶомии худ, талош дорад зимни барқарории тавозун дар иҷрои тааҳҳудҳо, ба талошҳо барои кумак ба бақои БарҶом кумак кунад.
Сафари ғайримунтазираи Зариф ба Фаронса пас аз сафари расмии вазири хориҷаи Эрон ба Порис ва ройзании муҷаддад дар бораи БарҶом дар ҳамин чорчӯб маъно мешавад. Эрон ҳамзамон бо иҷрои сиёсати коҳиши тааҳҳудҳои БарҶомии худ мекӯшад бо ройзаниҳои идомадор ва созанда, БарҶомро дар масири дуруст қарор диҳад то манофеи иқтисодии Эрон ба таври комил иҷро шавад.
Дар ин миён, музокираи Эрон бо Амрико хориҷ аз тасаввур аст, чун кишваре, ки ба тааҳҳудҳои худ пойбанд набошад, мавриди эътимод барои музокираи муҷаддад нест.
Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо таъкид кардаанд, ҳеҷ музокирае хориҷ аз БарҶом бо Амрико имконпазир нест. Ин навъ музокира ҳам то замоне, ки Амрико ба БарҶом бознагардад ва таҳримҳо зидди миллати Эронро лағв накунад, анҷом нахоҳад шуд.
Таҷрибаи БарҶом нишон дод, Амрико кишвари қобили эътимоде нест ва талоши кишварҳои аврупоӣ барои наҷоти БарҶом набояд вобаста ба Амрико бошад, зеро асосан ин кишвар бо худи БарҶом мушкил дорад.
Мавзеъгириҳои дугонаи Доналд Трамп Эронро вориди доми музокира нахоҳад кард. Раисҷумҳури Амрико дар арсаҳои мухталифи сиёсати хориҷӣ тавфиқе надоштааст ва талош дорад бо кашондани Эрон ба пойи мизи музокира, аз он барои интихоботи 2020 –и Амрико баҳра бибарад.
Эрон акнун бо сиёсат ва дипломатияи мантиқӣ ва созанда, ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз БарҶомро ҳамроҳи худ дорад ва ин масъала асабонияти раисҷумҳури Амрикоро ба ҳамроҳ доштааст.
Бақои БарҶом фақат дар гарави истиқлоли амали кишварҳои аврупоӣ аст ва тарҳи иддаоҳои музокираи Эрон ва Амрико кумаке ба вазъияти мавҷуд намекунад. Ба ҳар андоза, ки аврупоиҳо хориҷ аз иродаи Амрико тасмимгирӣ ва амал кунанд, ба ҳамон андоза бақои БарҶом тазмин хоҳад шуд.
Талошҳои Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса барои хуруҷ аз бунбасти БарҶом, бояд маътуф ба абзорҳои аврупоӣ, на масъалаи музокираи Эрон ва Амрико бошад, зеро асосан гуфтугӯ дар чунин шароите ғайримумкин аст.